Internews ВАО-ро ба содиқ будан ба касби худ даъват мекунад

“Бовар дорем, ки мардуми Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки ба анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ арҷ мегузоранд, метавонанд сари як қарори ягона омада, ба низоъ хотима бахшанд ва ба сарзамини худ сулҳу амониро баргардонанд. Умедворем, ки ҷомеаи васоити ахбори оммаи кишварҳои мо ба муколама саҳм хоҳанд гузошт”. Ин нукта дар Изҳороти дафтари Internews дар Тоҷикистон, ки дар робита […]

Asia-Plus

“Бовар дорем, ки мардуми Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки ба анъанаҳои неки ҳамсоядорӣ арҷ мегузоранд, метавонанд сари як қарори ягона омада, ба низоъ хотима бахшанд ва ба сарзамини худ сулҳу амониро баргардонанд. Умедворем, ки ҷомеаи васоити ахбори оммаи кишварҳои мо ба муколама саҳм хоҳанд гузошт”.

Ин нукта дар Изҳороти дафтари Internews дар Тоҷикистон, ки дар робита ба даргириҳои фоҷеабор дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нашр шудааст, баён мегардад.

Зикр мешавад, ки дар ҳолатҳои муноқиша иҷрои вазифаи касбии худ барои рӯзноманигорон бидуни ба эҳсосот дода шудан душвор аст.

“Бо вуҷуди ин, дар ин шароити душвор мо намояндагони ВАО-ро даъват менамоем, ки ба касби худ содиқ бошанд ва меъёрҳои байналмилалии журналистикаро, ки дар онҳо паҳнкунии танҳо иттилооти холисона, беғараз ва мӯътамад тақозо мешавад, сармашқи кори худ қарор диҳанд. Тарзи инъикоси вазъ дар сарҳад аз ҷониби рӯзноманигорон метавонад ба рушди воқеаҳо дар оянда таъсири калон расонад”, – омадааст дар изҳорот.

Дар он ҳамчунин зикр мешавад, ки нашри маълумоти бардурӯғ ва забони адовату кина метавонад ба раванди нозуки расидан ба сулҳ зарар расонад.

“Маҳз ба ҳамин хотир ҳоло барои рӯзноманигорон ва намояндагони расонаҳои ҳарду кишвар риояи усули беғаразӣ хеле муҳим аст”, – зикр мешавад дар он.

Дафтари Internews дар Тоҷикистон инчунин ба оилаҳои қурбониёни муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон изҳори тасаллият кардааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.