“Вазъият ором аст, мардум ба ҳаёти осоишта бармегарданд”

Пас аз имзои созишнома миёни раисони КДАМ-и Тоҷикистону Қирғизистон, ки шоми дирӯз, 19-уми сентябр, иттифоқ афтод, вазъият дар марзи ду кишвар ором буда, мардум ба ҳаёти осоишта бармегарданд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба “Asia-Plus” хабар доданд. “Шаб дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ором буд, ягон ҳодисаи ғайричашмдошт рух надодааст. Ҳолати умумӣ дар […]

Asia-Plus

Пас аз имзои созишнома миёни раисони КДАМ-и Тоҷикистону Қирғизистон, ки шоми дирӯз, 19-уми сентябр, иттифоқ афтод, вазъият дар марзи ду кишвар ором буда, мардум ба ҳаёти осоишта бармегарданд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба “Asia-Plus” хабар доданд.

“Шаб дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ором буд, ягон ҳодисаи ғайричашмдошт рух надодааст. Ҳолати умумӣ дар хати марз низ муътадил арзёбӣ мешавад. Сокинон ба ҳаёти осоиштаи хуб бармегарданд”, – гуфтанд аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд.

Сокинони маҳаллӣ низ дар суҳбат бо “Asia-Plus” тасдиқ намуданд, ки вазъ дар сарҳад ором аст ва ҳеҷ гуна муноқиша мушоҳида намешавад. Ҳоло корҳои бартарафкунии оқибатҳои низоъ ҷараён дорад.

Гуфтан ба маврид аст, ки шоми дирӯз, 19-уми сентябр раисони КДАМ-и Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев дар гузаргоҳи сарҳадии "Гулистон" мулоқот намуда, протокол оташбасро имзо намуданд. Пртокол аз се банд иборат мебошад:

-баровардани қушунҳо аз хатти сарҳадӣ ва баргардонибан ба ҷойҳои доимиашон;

-дар марзи ду кишвар танҳо отрядҳои сарҳадӣ боқӣ хоҳанд монд;

-давом додани раванди ҳалли масъалаҳои сарҳад, муътадил гардондани вазъият дар марз.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.