ВКД шахсият ва шароити бозгардонии 4 асири қирғизистониро гуфт

4 сарбози Қирғизистон, ки аз ҷониби низомиёни Тоҷикистон дастгир шуда буданд, тибқи созиши баамаломадаи ду кишвар шоми 19-уми сентябри соли 2022, соати 19:00 бо вақти Душанбе, ба ватанашон баргардонида шуданд. Дар ин бора сомонаи ВКД-и Тоҷикистон хабар медиҳад. 1. Прапоршики дидбонгоҳи сарҳадии «Достук»-и ноҳияи Баткени Ҷумҳурии Қирғизистон Самарбек уулу Адилет, соли таваллудаш 17.03.1995, сокини ноҳияи Жумгали; […]

Asia-Plus

4 сарбози Қирғизистон, ки аз ҷониби низомиёни Тоҷикистон дастгир шуда буданд, тибқи созиши баамаломадаи ду кишвар шоми 19-уми сентябри соли 2022, соати 19:00 бо вақти Душанбе, ба ватанашон баргардонида шуданд. Дар ин бора сомонаи ВКД-и Тоҷикистон хабар медиҳад.

1. Прапоршики дидбонгоҳи сарҳадии «Достук»-и ноҳияи Баткени Ҷумҳурии Қирғизистон Самарбек уулу Адилет, соли таваллудаш 17.03.1995, сокини ноҳияи Жумгали;

2. Старшинаи дидбонгоҳи сарҳадии «Достук»-и ноҳияи Баткени Ҷумҳурии Қирғизистон Туйчиев Ҷамолиддин Исмаилҷанович, соли таваллудаш 20.12.1984, сокини вилояти Ош, ноҳияи Аравон;

3. Ефрейтори қисми ҳарбии №30647 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Қирғизистон Асылбек уулу Рустамбек, соли таваллудаш, 28.02.2002, сокини ноҳияи Баткен, ҷамоати деҳоти Қизилбек;

4. Ефрейтори Қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон Машраб уулу Нурбек, соли таваллудаш 17.06.2001, сокини ноҳияи Навкат, ҷамоати Қизилтаит.

Дар шарҳи хабари бозгардонии сарбозони қирғиз навиштаанд, ки онҳо “аз рӯи принсипи башардӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамсоягии нек ба ҷониби Қирғизистон супорида шуданд”.

Зикр мегардад, ки низомиёни дастгиршудаи қирғиз тибқи талаботи меъёрҳои қонунгузории байналмилалӣ бо ёрии тиббӣ, хӯрду хӯрок ва шароити маишӣ таъмин карда шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.