Хонаҳо барқарор мешаванд. Раиси вилоят ҳамдардии президентро ба наздикони кушташудаҳо дар марз расонд

Раҷаббой Аҳмадзод, раиси вилояти Суғд бо чанде аз намояндагони мақомоти вилоятӣ аз манзилҳои харобшудаи сокинони деҳоти “Овчи Қалъача”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуд Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, ки раиси вилоят аз номи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва ҳукумати кишвар ба наздикону пайвандони кушташудагон изҳори ҳамдардӣ кард. Манбаъ гуфт, Аҳмадзода бо аҳолии […]

Asia-Plus

Раҷаббой Аҳмадзод, раиси вилояти Суғд бо чанде аз намояндагони мақомоти вилоятӣ аз манзилҳои харобшудаи сокинони деҳоти “Овчи Қалъача”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуд

Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, ки раиси вилоят аз номи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва ҳукумати кишвар ба наздикону пайвандони кушташудагон изҳори ҳамдардӣ кард.

Манбаъ гуфт, Аҳмадзода бо аҳолии зарардидаи ин ноҳия мулоқот кард ва гуфт манзили онҳо пурра барқарор карда мешавад.

“Барои бартараф намудани оқибатҳои харобиовари муноқиша ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шуда, барои бунёди манзил ва сарпаноҳ чораҳои зарурӣ андешида мешавад”, – гуфтанд аз хадамоти матбуоти раиси вилоят.

Ёдрас мекунем, ки дар брифинги рӯзи 19 сентябр дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар дод, ки то 19-уми сентябр дар натиҷаи ҳамлаи нерӯҳои Қирғизистон 41 сокини Тоҷикистон кушта шудаву даҳҳо хона вайрону валангор шудаанд.

Ҷониби Қирғизистон аз кушта шудани 59 нафар шаҳрвандони кишвар дар ҷарёани ин даргириҳо хабар медиҳад.

Аксҳо аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.