Дар сафоратҳои Русия додани шиносномаҳои хориҷӣ ба муҳлати 10 сол барқарор шуд

Сафоратхонаҳои Русия дар хориҷа қабули дархостҳоро барои анҷоми расмиёти додани шиносномаҳои хориҷии биометрӣ, ки ба муҳлати 10 сол амал мекунанд, барқарор карданд. Дар ин бора дар хабари департаменти консулгарии ВКХ Русия сухан меравад. “ВКХ Русия ҷиҳати мунтазам додани шиносномаҳои хориҷӣ бо муҳлати 10 соли амал тадбирҳои иловагӣ андешида, мушкилоти техникӣ рафъ шуд”, – омадааст дар […]

Галина Баламатова, Asia-Plus

Сафоратхонаҳои Русия дар хориҷа қабули дархостҳоро барои анҷоми расмиёти додани шиносномаҳои хориҷии биометрӣ, ки ба муҳлати 10 сол амал мекунанд, барқарор карданд. Дар ин бора дар хабари департаменти консулгарии ВКХ Русия сухан меравад.

“ВКХ Русия ҷиҳати мунтазам додани шиносномаҳои хориҷӣ бо муҳлати 10 соли амал тадбирҳои иловагӣ андешида, мушкилоти техникӣ рафъ шуд”, – омадааст дар хабар.

Аз сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар доданд, ки қабули аризаҳо барои гирифтани шиносномаи насли нав бо 10 сол муҳлати амал аз 20 сентябр барқарор карда мешавад.

Қаблан ВКХ Русия додани шиносномаи хориҷии насли навро боздошта, дар ҳамин ҳол, гирифтани шиносномаҳои хориҷии маъмулиро бо муҳлати амали 5 сол мисли пешина боқӣ монда буд.

Сабаби ин зарурати аз нав ба кор даровардани низом ва дигар кардани шакли шиносномаҳо унвон шуд. Азбаски шиносномаҳои насли нав дорои интиқол (ҳомил)-и электронии иттилоот мебошанд, дар баробари рушди пешрафти техникӣ, назди мутахассисон зарурати такмили он ба миён меояд.

Барои бартараф намудани камбудиҳои техникӣ камтар аз як моҳ вақт лозим шуд. Акнун шаҳрвандони Русия метавонанд дубора барои гирифтани шиносномаи насли нав, аз ҷумла ба сафорати Русия дар Тоҷикистон муроҷиат кунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.