Мурофиаи додгоҳии Абдуллоҳ Ғурбатӣ 21-уми сентябр оғоз мешавад

Пагоҳ, 21-уми сентябр, мурофиаи нахустини Абдуллоҳ Ғурбатӣ, яке аз рӯзноманигорони боздоштшудаи тоҷик, оғоз меёбад. Дар ин бора вакили дифои ӯ, Абдураҳмон Шарифов, ба “Азия-Плюс” хабар дод. Номбурда гуфт, ӯро аз суди ноҳияи Шоҳмансур огоҳ кардаанд, ки 21-уми сентябр баррасии парванда оғоз мегардад, аммо дақиқ нагуфтаанд, ки мурофиа дар бинои Суди ноҳияи Шоҳмансур ё боздоштгоҳи муваққатӣ […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Пагоҳ, 21-уми сентябр, мурофиаи нахустини Абдуллоҳ Ғурбатӣ, яке аз рӯзноманигорони боздоштшудаи тоҷик, оғоз меёбад. Дар ин бора вакили дифои ӯ, Абдураҳмон Шарифов, ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Номбурда гуфт, ӯро аз суди ноҳияи Шоҳмансур огоҳ кардаанд, ки 21-уми сентябр баррасии парванда оғоз мегардад, аммо дақиқ нагуфтаанд, ки мурофиа дар бинои Суди ноҳияи Шоҳмансур ё боздоштгоҳи муваққатӣ баргузор мешавад.

“Парванда аз ҷониби Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур баррасӣ мешавад, аммо аз ин додгоҳ ба мо нагуфтанд, ки мурофиа дар куҷо баргузор мешавад. Танҳо гуфтанд, ки дар масъалаи ҷойи мурофиа субҳи рӯзи 21-уми сентябр маълумоти иловагӣ медиҳанд”, – иброз намуд Абдураҳмон Шарифов.

Вакили дифоъ афзуд, эҳтимоли дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) ҳам гузаштани мурофиаи ҷой дорад.

“Ба мо гуфтанд, пагоҳ соати 09:00 як мурофиаи дигар пешбинӣ шудааст. Агар он мурофиа баргузор нашавад, мурофиаи Абдуллоҳ соати 09:00 мегузарад, вале агар мурофиаи пешбинишуда баргузор шавад, мурофиаи зерҳимояи ман соати 14:00 баргузор мегардад”,- гуфт Абдураҳмон Шарифов.

Вай афзуд, мурофиа расман ба таври боз мегузарад, вале ба эҳтимоли зиёд, ба ғайр аз ҳамсар ва шахсони наздики Ғурбатӣ, дигарон, аз ҷумла рӯзноманигорон, ба он роҳ дода намешаванд.

Аз Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур дар бораи замон ва макони баргузории мурофиаи Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба “Азия-Плюс” хабар надоданд.

Абдуллоҳ Ғурбати яке аз чор журналистони боздоштшудаи тоҷик аст. Ӯ замоне боздошт гардид, ки дар робита ба парвандаи Далери Имомалӣ, блогери боздоштшудаи тоҷик ба прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур даъват гардида буд.

Дар оғоз, мақомот ӯро барои “таҳқири намояндаи ҳокимият, истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” гумонбар медонистанд, вале баъдан Абдуллоҳ ба аъзогии ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ гумонбар дониста шуд.

Наздикон ва худи Абдуллоҳ ҳамаи иттиҳомҳоро нисбати ӯ эълоншударо бо қатъият рад мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.