Оғози мурофиаи додгоҳии Абдуллоҳ Ғурбатӣ паси дарҳои баста

Чанд лаҳза пеш, дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) мурофиаи додгоҳии журналисти тоҷик Абдуллоҳ Ғурбатӣ пушти дарҳои баста оғоз шуд. Хабарнигори “Asia-Plus” аз назди боздоштгоҳ иттилоъ дод, ки ба мурофиа модари Абдуллоҳ, наздиконаш ва рӯзноманигоронро роҳ надоданд. Танҳо ба ҳамсараш иҷоза дода шуд, ки дар мурофиаи додгоҳӣ иштирок кунад. Сабаби ба мурофиа роҳ надодани пайвандони […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Чанд лаҳза пеш, дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО) мурофиаи додгоҳии журналисти тоҷик Абдуллоҳ Ғурбатӣ пушти дарҳои баста оғоз шуд.

Хабарнигори “Asia-Plus” аз назди боздоштгоҳ иттилоъ дод, ки ба мурофиа модари Абдуллоҳ, наздиконаш ва рӯзноманигоронро роҳ надоданд. Танҳо ба ҳамсараш иҷоза дода шуд, ки дар мурофиаи додгоҳӣ иштирок кунад.

Сабаби ба мурофиа роҳ надодани пайвандони Абдуллоҳ ва журналистон ва ҳамин тавр, пушти дарҳои баста баргузор намудани мурофиа то ҳол маълум нест ва касе шарҳ намедиҳад.

Ин лаҳзаҳо мурофиа бо раисии судяи Суди ноҳияи Шоҳмансур Беҳруз Шифо ҷараён дорад.

Абдуллоҳ Ғурбати яке аз чор журналистони боздоштшудаи тоҷик аст. Ӯ замоне боздошт гардид, ки дар робита ба парвандаи Далери Имомалӣ, блогери боздоштшудаи тоҷик ба прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур даъват гардида буд.

Дар оғоз, мақомот ӯро барои “таҳқири намояндаи ҳокимият, истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” гумонбар медонистанд, вале баъдан Абдуллоҳ ба аъзогии ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ гумонбар дониста шуд.

Наздикон ва худи Абдуллоҳ ҳамаи иттиҳомҳоро нисбати ӯ эълоншударо бо қатъият рад мекунанд.

Дертар тафсилоти бештар ироа хоҳад шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.