Роғун минтақаи сайёҳӣ эълон шуд

Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ташкили минтақаи сайёҳии “Роғун” қарор ба тасвиб расонид. Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун супориш дод, ки дар ҳамдастӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон ва дигар идораҳои дахлдор дар муҳлати се моҳ – то аввали соли 2023 лоиҳаи Барномаи рушди минтақаи сайёҳии “Роғун”-ро таҳия […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ташкили минтақаи сайёҳии “Роғун” қарор ба тасвиб расонид.

Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун супориш дод, ки дар ҳамдастӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон ва дигар идораҳои дахлдор дар муҳлати се моҳ – то аввали соли 2023 лоиҳаи Барномаи рушди минтақаи сайёҳии “Роғун”-ро таҳия ва пешниҳод намоянд.

Дар Стратегияи миллии рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон то соли 2030 низ Роғун дар банди алоҳида ба сифати нуқтаи махсус ҳамчун иншооти сайёҳӣ зикр шудааст.

Шаҳр дорои захираҳои бой ва зерсохтори васеъ мебошад. Осоишгоҳи “Оби Гарм”, Осорхонаи марказии Роғун ва чашмаи шифобахши Муллошайх аз ҷумлаи иншооти асосии соҳаи сайёҳии шаҳр унвон мешаванд.

Минбаъд пас аз анҷоми сохтмони неругоҳи барқи обии “Роғун” сайёҳонро метавон ба тамошои сарбанд ва обанбори неругоҳ ҷалб намуд.

Ғайр аз ин, дар Роғун баргузор намудани ҷашнвораи себ имкон дорад, зеро гирду атрофи шаҳр бо боғҳои себи болаззат ва шаҳдбори худ машҳур аст. Сайёҳии шиносоӣ бо хӯрокҳои миллии ин минтақа низ ояндадор аст.

Дар оянда масоили марбут ба сайёҳӣ дақиқкорона баррасӣ ва захираҳои он тариқи васоити ахбори умум ташвиқ хоҳанд шуд. Ҳамзамон сифати хидматрасонӣ беҳтар шуда, маълумоти оморӣ дар бораи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ саҳеҳтар мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди чанде қабл аз неругоҳи “Роғун” ба роҳи мошингарди ҷумҳурияви то даромад ба шаҳр таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дастур дод, ки он таъмиру навсозӣ шавад.

Қобили зикр аст, ки роҳи даромад ба шаҳри Роғун аз шоҳроҳи байнулмлалии Душанбе – Ваҳдат – Лахш оғоз гардида, то маркази шаҳри Роғун ва НБО “Роғун” мерасад. Масофаи он 11 километр аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.