Прокуратураи генералӣ алайҳи низомиён ва сокинони Қирғизистон парвандаи ҷиноятӣ боз кард

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар пайи муноқишаи охири марзӣ нисбати гурӯҳи хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони Қирғизистон бо иттиҳомҳои ҷанги таҷовузкорона, одамкушии ду шахс ё бештар аз он, барқасдона вайрон намудани меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ва диверсия парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст.

Дар изҳороти прокуратура, ки шоми 22 сентябр дар сомонаи расмии ин ниҳод нашр шуд, гуфта мешавад, хизматчиёни ҳарбии Қирғизистон бо мақсади халалдор намудани истиқлолият, тамомияти арзии Тоҷикистон ва ғасб намудани ҳудуди мамлакат аз техникаи ҳарбӣ ва силоҳҳои оташфишони гуногунтамға, аз ҷумла ҳавопаймоҳои бесарнишин, ба дидбонгоҳҳои сарҳадии Қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва деҳаҳои аҳолинишин, воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Лахш ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом доданд.

Ин ниҳод гуфтааст, Қирғизистон пешакӣ нақшаи ҷанги таҷовузкоронаро бо мақсади ғасби ҳудуди Тоҷикистон тарҳрезӣ карда, дар маҳалҳои наздисарҳадӣ ба миқдори зиёд техникаҳои ҳарбии вазнини заминию ҳавоӣ ва шумораи зиёди хизматчиёни ҳарбиро ҷой додааст.

“Зиёда аз 140 ҳазор сокинони маҳаллии наздисарҳадии худро пешакӣ аз манзилҳои истиқоматӣ ба дигар минтақаҳо кӯчонида, якбора ба ҳудуди 4 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳуҷуми мусаллаҳона намуда, барқасдона, хилофи меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ба минтақаҳои ғайринизомӣ, аз қабили муассисаҳои таълимӣ, масҷид, беморхонаҳо, мошинҳои ёрии таъҷилӣ, занон, кудакон ва аҳолии мулкӣ зарбаҳои ҳалокатовар зад”, – омадааст дар изҳорот.

Ин ниҳод афзудааст, дар натиҷа садҳо хизматчиёни ҳарбӣ ва соконони осоишта ҷароҳатҳои гуногун бардошта, даҳҳо нафар ҳалок гардидаанд. Ба манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, иншооти муҳими ҷамъиятиву давлатӣ ва техникаҳои ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон зарари зиёд расонида шудааст.

“Бинобар ин, аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати гуруҳи хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон бо дастрасии қисми 2 моддаи 395 (оғоз ё пешбурди ҷанги таҷовузкорона), қисми 2 моддаи 104 (одамкушии ду шахс ё бештар аз он, аз ҷумла вобаста ба иҷрои фаъолияти хизматӣ; бо тарзи ба ҳаёти мардуми зиёд хавфнок; аз ҷониби гуруҳи муташаккил; бо нияти ғаразнок, инчунин марбут ба роҳзанӣ ё бандитизм; бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ, нажодӣ, динӣ, маҳалгароӣ ё интиқоми хунӣ), қисми 2 моддаи 403 (барқасдона вайрон намудани меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи башар), қисми 2 моддаи 309 (диверсия) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд”, – гуфта шудааст дар изҳороти Прокуратураи генералӣ.

Дар ҳамин ҳол, прокуратураи генералии Қирғизистон низ дар пайи муноқишаи охири марзӣ дар асоси моддаи 402 (ҷиноят алайҳи сулҳ)-и КҶ ҶҚ парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи таҷовузи мусаллаҳонаи Қирғизистон болои Тоҷикистон, ки аз 14 то 18-уми сентбяр идома кард, 41 сокини Тоҷикистон куштаву даҳҳо хона вайрон шуданд.

Ҷониби Қирғизистон аз кушта шудани 59 нафар шаҳрвандаш хабар медиҳад.

Тоҷикистону Қирғизистон аз оғози низоъ ҳамдигарро барои ҳамла ва таҷовузи низомӣ ба хоки якдигар гунаҳкор мекунанд.

Бо вуҷуди созишномае, ки 19-уми сентябр байни роҳбарони Кумитаи давлатии амнияти миллии ду кишвар дар мавриди суботи авзоъ ва дур кардани нерӯҳо аз хати марз ба имзо расид, таниши лафзии тунд дар сатҳи вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар давом дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...