Вазорати меҳнату муҳоҷират аз муҳоҷирон хост, ба ҷанг нараванд

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дуюмин мақомоте ҳаст, ки аз муҳоҷирони тоҷик даъват кард то ба ҷанг нараванд. Қаблан сафорати Тоҷикистон дар Русия бо ин мазмун изҳорот дода буд. Дар изҳороти вазорати меҳнат, ки имрӯз, 23 сентябр нашр шуд, гуфта мешавад, ки фармони президенти Русия «Дар бораи эълони қисман сафарбаркунӣ дар Федератсияи Россия» […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дуюмин мақомоте ҳаст, ки аз муҳоҷирони тоҷик даъват кард то ба ҷанг нараванд. Қаблан сафорати Тоҷикистон дар Русия бо ин мазмун изҳорот дода буд.

Дар изҳороти вазорати меҳнат, ки имрӯз, 23 сентябр нашр шуд, гуфта мешавад, ки фармони президенти Русия «Дар бораи эълони қисман сафарбаркунӣ дар Федератсияи Россия» танҳо барои шаҳрвандони Русия амал мекунад ва ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намегардад.

Ин ниҳод ҳушдор додааст, ки кирдори мазкур тибқи моддаи 401 –и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 12 то 20- солро пешбинӣ менамояд.

Вазорат, моддаи мазкурро аз Кодекси ҷиноятӣ иқтибос оварда гуфтааст, барои гирифтани маълумоти бештар шаҳрвандони кишвари мо метавонанд ба намояндагии ин вазорат дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Краснодар, Уфа ва Екатеринбурги Русия муроҷиат кунанд.

Ин ниҳод, телефонҳои намояндагии Тоҷикистонро дар шаҳру навоҳии Русия овардааст, то муҳоҷирон барои дарёфти иттилои бештар ё мушкилот муроҷиат намоянд:

Ҳавзаи федералии марказӣ (Москва)

+7(495)967-98-44

+7(967)271-02-02

+7(965)724-90-21

+7(910)443-63-35

Ҳавзаи федералии ҷануб (Краснодар)

+7(901)344-77-77

Ҳавзаи федералии шимолу ғарбӣ (Санкт-Петербург)

+7(964)373-75-01

Ҳавзаи федералии Приволжий (Уфа)

+7(966)031-22-22

Ҳавзаи федералии Урал (Екатеринбург)

+7(982)739-89-98

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, Владимир Путин дар Русия қисман сафарбаркунии ҳайати захираҳои ҳарбиро эълон кард, ки тибқи он 300 ҳазор нафар ба сафи артиши ин кишвар ҷалб мегардад.

Дар баробари ин, Думаи давлатии Русия тарҳи қонунеро қабул кард, ки тибқи он шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд бо адои хидмат дар сафи артишиин кишвар, дар як сол, бо тартиби соддакардашуда, шаҳрвандии Русияро соҳиб шаванд.

Дар робита ба ин, бино ба навиштаи сомонаи расмии ҳукумати шаҳри Маскав, дар Маркази муҳоҷирати Сахарово барои қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба хизмат дар сафи артиши Русия зерсохтори мукаммали мусоидати Вазорати мудофиа роҳандозӣ шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио