“Куштори кӯдакони тоҷикро бас кунед!”. Эътирози тоҷикон дар Олмон

Дирӯз, 22-юми сентябр, як гурӯҳ тоҷикони муқими Олмон бо нишони эътироз ба ҳамлаи таҷовузгаронаи Қирғизистон ба Тоҷикистон, дар назди сафорати кишвари Қирғизистон дар Берлин гирдиҳамоӣ ташкил намуданд. Дар ин бора пойгоҳи хабарии “Бомдод” иттилоъ медиҳад. Тавре ин расона менависад, ки беш аз 20 нафар эътирозгарон бо худ аксҳои қурбониёни муноқишаҳои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон бо […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Дирӯз, 22-юми сентябр, як гурӯҳ тоҷикони муқими Олмон бо нишони эътироз ба ҳамлаи таҷовузгаронаи Қирғизистон ба Тоҷикистон, дар назди сафорати кишвари Қирғизистон дар Берлин гирдиҳамоӣ ташкил намуданд. Дар ин бора пойгоҳи хабарии “Бомдод” иттилоъ медиҳад.

Тавре ин расона менависад, ки беш аз 20 нафар эътирозгарон бо худ аксҳои қурбониёни муноқишаҳои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистонро оварда, аз ҳукумати Қирғизистон талаб карданд, ки “куштори кӯдакони тоҷикро бас кунад.

Гуфтан ба марид аст, ки ин аввалин эътирози тоҷикон дар хориҷ вобаста ба муноқишаи охири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон аст. То ин лаҳза танҳо қирғизҳо дар чанде аз кишвари ҷаҳон гирдиҳамоии эътирозӣ барпо карда буданд.

Ёдовар мешавем, ки дар муноқишаи марзии рӯзҳои 14-17-уми сентябр миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон тибқи, иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 41 нафар, бино ба ҳисоби расонаҳои кишвар 70 нафар сокини Тоҷикистон қурбон шуданд. Ҷониби Қирғизистон расман аз кушта шудани 59 нафар хабар медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.