ВКХ: “Қирғизистон тибқи нақшаи қаблан тарҳрезишуда ба Тоҷикистон ҳамла кард”

Asia-Plus

Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 19-уми сентябр, зимни нишасти хосае, ки барои намояндагони ҳайатҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва рӯзноманигорон ҷиҳати шарҳи ҳаводиси марзии кишвар ва ҳуҷуми таҷовузкоронаи Қирғизистон, ташкил карда шуд, гуфт, ки “амали таҷовузкоронаи Қирғизистон алайҳи Тоҷикистон иқдоми қаблан тарҳрезишуда буд”.

Дар ин замина, ӯ чанд далелро ироа намуд:

– ҳамлаи иттилоотӣ, ки ҳар як ҳодисаро ҳамроҳӣ мекард, пур кардани фазои иттилоот бо маълумоти ғайривоқеӣ;

– кӯчонидани зиёда аз 140 ҳазор нафар сокинон аз маҳалҳои гирду атроф, дар шароити мо барои ин кор чанд рӯз лозим аст;

– мо шоҳиди таҷаммӯи нерӯҳои зиёди низомии ҷониби Қирғизистон дар дарозои сарҳади худ шудем, ки баъдтар ба таври ғайриинсонӣ истифода шуданд.

Содиқ Имомӣ расман таъкид намуд, ки то имрӯз, 19-уми сентябр, 41 сокини Тоҷикистон дар натиҷаи ҳамлаи нерӯҳои Қирғизистон кушта шуданд.

Аммо ӯ дақиқ нагуфт, ки ин теъдод тамоми қурбониёнро фаро мегирад ва ё танҳо омори кушташудагони сокинони осоишта аст. Ҳамчунин, ҷаноби Содиқ Имомӣ дар хусуси захмиён низ маълумоти дақиқ ироа накард.

Зимни нишаст, инчунин дар мавриди нақзи ҳарими ҳавоии кишвар аз ҷониби ҳавопаймоҳои бемарнишини Қирғизистон иттилоъ дода шуд. Зикр гардид, ки аз шоми 18-уми то субҳи 19-уми сентябр, Тоҷикистон мавориди зиёди нақзи ҳарими ҳавоии кишвар тавассути ҳавопаймоҳои бесарнишинро сабт кард, ки онҳо аз қаламрави Қирғизистон ворид шуданд.

Ҳамин тариқ, дар дидбонгоҳи марзии Қарокӯли минтақаҳои Мурғоб ва Лахш – соати 20:00, дар дидбонгоҳи марзии Марғансу – соати 20:16 ва дар дидбонгоҳи марзии Қизил-Арт – соати 21:00  ҳавопаймоҳои бесарнишин  мушоҳида гардиданд.

Содиқ Имомӣ маъракаи иттилоотии Қирғизистонро алайҳи Тоҷикистон “қисмате аз сиёсати таҷовузкоронаи ин кишвар” номид, ки “солҳои охир аз ҷониби роҳбарияти Қирғизистон ошкоро идома дорад”.

“Моро дуруст сарзаниш мекунанд, ки аксуламали мо дар васоити ахбори умум саривақтӣ нест, мо аз рӯйдодҳо дер мемонем. Мехоҳам бигӯям, ки агар шумо кишвари зарардида бошед, ин як раванди объективӣ аст. Мамлакати таҷовузкор бошад, амалиёти мусаллаҳонаро натанҳо пешакӣ тарҳрезӣ мекунад, балки бо қаблан банақшагирии амалҳои худ, мутаносибан пайгирии онро дар матбуот низ таъмин мекунад. Ин боз як далели таҷовузи содиркардаи Қирғизистон ба муқобили мамлакати мо мебошад”, – зикр кард Содиқ Имомӣ.

Муовини вазири ВКХ бо нигаронӣ иброз дошт, ки дар Бишкек ва дигар шаҳрҳои бузурги Қирғизистон шаҳрвандони миллаташон тоҷик муайян ва нисбати онҳо амалҳои зӯроварии ғайриқонунӣ истифода мешаванд: онҳоро лату кӯб мекунанд, ба самти номаълум мебаранд. Ин натиҷаи бади офариниши образи душман дар симои ҳамсоя аст.

Муовини вазири ВКД ҳамчунин, ҳодисаи пурсарусадо ва даҳшатангези куштори як оилаи савори мошини ёрии таъҷилӣ дар деҳаи Зумрадро шарҳ дода, гуфт, ки “низомиёни Қирғизистон ҳадафмандона ба мошини ёрии таъҷилӣ, ки дар дохили он як фелдшер, як зани дар моҳи ҳаштуми ҳомиладорӣ ва ду кӯдаки хурдсоли 5-6 сола буд, аз норинҷакандоз тир холӣ карданд”.

Гуфтан зарур аст, ки дар пайи ин ҳамлаи ваҳшиёна ва нақзкунандаи тамоми қонунҳои ҷангиву байналмилалӣ, ҳамаи шахсони савори мошини ёрии таъҷилӣ, аз ҷумла ронанда, зинда ба зинда сӯхтанд.

Инчунин, муовини вазир бо нишон додани харита мавқеи ҷойгиршавии ҷамоати деҳоти Ворухро шарҳ дод ва зикр кард, ки “Ворух "анклав" нест, он бо ҳудуди Тоҷикистон пайванд аст”.

Дар нишаст ҳамчунин гуфта шуд, ки тайи солҳои ахир Қирғизистон дар манотиқи ҷанубиаш, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳад аст, машқҳои мухталифи низомӣ баргузор мекард, нерӯҳои иловагӣ ҷойгир менамуд ва раҳбарияти ин кишвар борҳо қисмҳои нави низомиро боз кард, ки ҳамаашон дар наздикии марзи мо ҷойгиранд.

Бо вуҷуди таҷовуз ва ин ҳама рафторҳои ношоиста, ВКХ “ягона роҳи ҳалли мушкили пешомадаро музокирот” номид. Зикр гардид, ки “сарфи назар аз сиёсати комилан ғайрисозандаи ҳамсоякишвар, мо омодаем тамоми масоилро марҳила ба марҳила, тавассути гуфтушунид ҳал намоем”.

Ёдовар мешавем, ки низои ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 14-уми сентябр оғоз гардида, рӯзи 15-ум вазъияти каме ором гардид, аммо пасон, 16-уми сентябр, дубора авҷ гирифт ва дар натиҷаи он даҳҳо нафар куштаву садҳо нафар захми шуданд. То ин лаҳзаҳо маълум нест, ки алангаи низо пурра хомӯш гардидааст ё не.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...