Дар Ижевск ҳангоми тирпаронӣ дар як мактаб 13 нафар ҳалок шуданд

Asia-Plus

Дар мактаби №88-и шаҳри Ижевски Русия дар натиҷаи тирпаронӣ 13 нафар, аз ҷумла 6 одами калонсол ва инчунин 7 ноболиғ ба ҳалокат расида, 17 нафар кӯдакон ва 7 нафар шахсони калонсол ҷароҳат бардоштанд”, – гуфта мешавад дар хабари Кумитаи тафтишоти Русия дар телеграмм-канал.

Тавре ки дар Кумита хабар додаанд, ҷасади марди ба тирпаронӣ дастзада дарёфт шуда, ӯ худкушӣ кардааст.

Тибқи маълумоти пешакӣ, ин мард бо ду таппончаи травматикӣ (ҷароҳатдеҳ), ки барои оташфишонӣ бо тирҳои ҷангӣ омода шуда буданд, мусаллаҳ будааст.

Тирпаронӣ дар мактаби №88-и пойтахти Удмуртия субҳи имрӯз оғоз шудаааст. Раиси Удмуртия Александр Бречалов ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҳамаи хадамоти махсус ва табибон дар ин ҷо машғули коранд.

Мактаби №88 дар маркази шаҳри Ижевск, каме дуртар аз бинои мақомоти шаҳрдорӣ воқеъ аст. Дар он 982 мактабхон таҳсил карда, 80 омӯзгор кор мекунанд.

Бино ба маълумоти Baza, як марди сиёҳпӯш ба мактаб ворид шуда, аввал посбонро мепаронад ва сипас ба тирпаронӣ сӯи кӯдакон оғоз мекунад.

Гуфта мешавад, шахси ҳамлагар аз ду таппончаи Макаров тирпаронӣ карда, футболка бо рамзи миллатгароиро дар бар доштааст.

Қаблан 6 нафар ҳалокшудаву 20 нафар захмишудагон зикр гардида буданд.

Дар Удмуртия мотам эълон шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...