Дар Ижевск ҳангоми тирпаронӣ дар як мактаб 13 нафар ҳалок шуданд

Дар мактаби №88-и шаҳри Ижевски Русия дар натиҷаи тирпаронӣ 13 нафар, аз ҷумла 6 одами калонсол ва инчунин 7 ноболиғ ба ҳалокат расида, 17 нафар кӯдакон ва 7 нафар шахсони калонсол ҷароҳат бардоштанд”, – гуфта мешавад дар хабари Кумитаи тафтишоти Русия дар телеграмм-канал. Тавре ки дар Кумита хабар додаанд, ҷасади марди ба тирпаронӣ дастзада дарёфт […]

Дар мактаби №88-и шаҳри Ижевски Русия дар натиҷаи тирпаронӣ 13 нафар, аз ҷумла 6 одами калонсол ва инчунин 7 ноболиғ ба ҳалокат расида, 17 нафар кӯдакон ва 7 нафар шахсони калонсол ҷароҳат бардоштанд”, – гуфта мешавад дар хабари Кумитаи тафтишоти Русия дар телеграмм-канал.

Тавре ки дар Кумита хабар додаанд, ҷасади марди ба тирпаронӣ дастзада дарёфт шуда, ӯ худкушӣ кардааст.

Тибқи маълумоти пешакӣ, ин мард бо ду таппончаи травматикӣ (ҷароҳатдеҳ), ки барои оташфишонӣ бо тирҳои ҷангӣ омода шуда буданд, мусаллаҳ будааст.

Тирпаронӣ дар мактаби №88-и пойтахти Удмуртия субҳи имрӯз оғоз шудаааст. Раиси Удмуртия Александр Бречалов ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҳамаи хадамоти махсус ва табибон дар ин ҷо машғули коранд.

Мактаби №88 дар маркази шаҳри Ижевск, каме дуртар аз бинои мақомоти шаҳрдорӣ воқеъ аст. Дар он 982 мактабхон таҳсил карда, 80 омӯзгор кор мекунанд.

Бино ба маълумоти Baza, як марди сиёҳпӯш ба мактаб ворид шуда, аввал посбонро мепаронад ва сипас ба тирпаронӣ сӯи кӯдакон оғоз мекунад.

Гуфта мешавад, шахси ҳамлагар аз ду таппончаи Макаров тирпаронӣ карда, футболка бо рамзи миллатгароиро дар бар доштааст.

Қаблан 6 нафар ҳалокшудаву 20 нафар захмишудагон зикр гардида буданд.

Дар Удмуртия мотам эълон шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.