“Фурсати донистан”: Кӣ ба кӯмакпулӣ ҳақ дорад ва ба куҷо бояд муроҷиат кард?

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Мадина Отабоева буд, ки бо Манижа Ахмедова мавзуи кӯмаки унвонии иҷтимоиро ба баҳс кашиданд. Кӯмаки унвонии иҷтимоӣ чист ва ба кадом мақсад роҳандозӣ шудааст? Кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ […]

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Мадина Отабоева буд, ки бо Манижа Ахмедова мавзуи кӯмаки унвонии иҷтимоиро ба баҳс кашиданд.

Кӯмаки унвонии иҷтимоӣ чист ва ба кадом мақсад роҳандозӣ шудааст?

Кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат расонидани кӯмакҳои пулӣ ё моддӣ мебошад.

Мақсади расонидани кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ иборат аст аз:

– мусоидат намудан ба коҳиш додани вазъияти душвори зиндагӣ ва дастгирии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат, ки даромади ҳадди ақаллашон аз меъёри эҳтиёҷот пасттар мебошад;

– муҳайё намудани шароите, ки ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат имконияти баланд бардоштани сатҳи зиндагиашонро фароҳам меорад;

– таҳкими дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат;

– коҳиш додани сатҳи камбизоатии аҳолӣ;

– истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ.

Кӣ ба гирифтани кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ҳуқуқ дорад ва чӣ ба назар гирифта мешавад?

Шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат, ки даромади ҳадди ақаллашон аз меъёри эҳтиёҷот пасттар мебошад, ба гирифтани кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд.

Ҳангоми муайян кардани ҳуқуқ ба расонидани кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ шахсони зерин аз ҳайати оила ба назар гирифта намешаванд:

– шахсоне, ки дар таъминоти пурраи давлат мебошанд;

– шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо мекунанд;

– шахсоне, ки ҷазоро дар муассисаҳои ислоҳӣ адо менамоянд.

Барои гирифтани кӯмак ба куҷо бояд муроҷиат кард?

Муроҷиат барои гирифтани кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ дар шакли хаттӣ аз тарафи шаҳрванд ва ё аз номи оилаи ӯ, мақомоти васояту парасторӣ, дигар намояндаи қонунии шаҳрванд ба шӯъбаю бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои расонидани кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ дар ҷойи истиқомат пешниҳод карда мешавад.

Шакли ариза ва ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ барои гирифтани кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад.

Кадом шакли кӯмакҳо вуҷуд доранд ва ҳаҷмашон чӣ қадар аст?

Кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ дар шаклҳои зерин расонида мешаванд:

– кӯмаки пулӣ;

– кӯмаки моддӣ.

Кӯмаки пулӣ ба андозаи умумӣ бо назардошти аъзои оилаҳои камбизоат, ки ба гирифтани кӯмаки пулӣ ҳуқуқ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ таъин карда мешавад.

Дар ҳолати зиндагии якҷояи якчанд оила, ки даромади оилавии алоҳида доранд, кӯмаки пулӣ ба ҳар оила дар алоҳидагӣ таъqин карда мешавад.

Кӯмаки моддӣ ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ расонида мешавад.

Кӯмаки моддӣ ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат бо назардошти эҳтиёҷоти онҳо дар намуди сӯзишворӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, доруворӣ, либос, пойафзол, маводи санитарию гигиенӣ, дигар ашёи зарурии аввалиндараҷа, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ харидорӣ мешаванд, пурра ё қисман пардохт намудани ҳаққи хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ ва дигар намуди хизматрасониҳо пешниҳод карда мешавад.

Кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ таъйин карда мешаванд.

Барои муайян намудани сатҳи камбизоатӣ кадом индикаторҳо ба ҳисоб гирифта мешаванд?

Барои муайян намудани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат индикаторҳои асосии зерин ба ҳисоб гирифта мешаванд:

– ҳайати оила, вазъи иҷтимоӣ ва сатҳи маълумотнокии сардори оила, теъдоди маъюбон,  ноболиғон ва дигар аъзои ғайриқобили меҳнат дар оила;

– даромади пулию молии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат;

– моликияти шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат;

– ҳолати манзили истиқоматӣ;

– қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва заминҳои дигари дар ихтиёри оила қарордошта;

– шумора ва намудҳои чорвои шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат;

– дигар индикаторҳое, ки бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ барои муайян намудани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат заруранд.

Индикаторҳои муайян намудани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат вобаста ба хусусиятҳои ҷуғрофӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаҳои ҷумҳурӣ тағйир ёфта метавонанд.

 Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.