Эҳсоси хатар ва таҳсили фосилавӣ. Донишҷӯёни тоҷик мехоҳанд аз Қирғизистон ба ватан баргарданд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Беш аз 20 донишҷӯйи тоҷик ба Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон муроҷиат карда, хостори баргаштан ва идомаи таҳсилашон дар Тоҷикистон шудаанд. Онҳо мегӯянд, таҳсилашон фосилавӣ шудааст ва мехоҳанд то беҳтар гардидани вазъ дар Тоҷикистон монанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон бо тасдиқи ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфт, онҳо рӯйхати донишҷӯён ва шаҳрвандоне, ки мехоҳанд ба Тоҷикистон баргарданд, омода карда истодаанд ва хоҳишмандон метавонанд, ба онҳо муроҷиат кунанд.

Барӯйхатгирии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки мехоҳанд ба ватанашон баргарданд, аз сӯи сафорат дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо пахши изҳорот оид ба афзоиши мавридҳои таъқибу табъизи шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷикҳои муқими Қирғизистон дар шаҳрҳои гуногуни Қирғизистон нигаронӣ кард ва гуфт, мақомоти Қирғизистон мехоҳанд беш аз 500 донишҷӯ аз Тоҷикистонро, ки дар мактабҳои олии вилояти Ош таҳсил мекунанд, ихроҷ кунанд.

Ин дар ҳолест, ки дар пайи маноқишаи марзӣ байни ду кишвар дар рӯзҳои 14-18-уми сентябр муассисаҳои олии ин кишвар донишҷуёни тоҷикро рухсат дода, ба онҳо гуфтанд, ки дар кӯча ва ҷойҳои ҷамъиятӣ кам гаштугузор кунанд.

Як донишҷӯи тоҷик, ки дар Донишгоҳи Оши Қирғизистон таҳсил мекунад, бе зикри ном ба “Азия-Плюс” гуфт, баъди муноқишаи марзии охир роҳбарияти донишгоҳ онҳоро ба таътил гусел карда, гуфтанд, минбаъд дарсҳо тариқи фосилавӣ мегузарад.

Вай афзуд, мехоҳад, таҳсилашро дар Тоҷикистон идома диҳад, чунки дар пайи муноқишаи охири марзӣ эҳсоси хатар мекунад.

– Пеш аз муноқишаи марзии охир муносибати ҳамкурсону дустонам хуб буд. Вале дар чанд рӯзи охир вазъ тағйир ёфт. Бархеҳо  дар кӯча агар фаҳманд, ки тоҷикем дашном медиҳанд”, – нигаронӣ кард ин донишҷӯи тоҷик.

Ӯ афзуд, дар Қирғизистон боқӣ мондан бефоида аст, чун дарси фосилавиро аз ватан ҳам метавон хонд.

“Бештари донишҷӯён фосилавӣ дарс мехонанд ва намехоҳанд ба ватан баргарданд. Вале ба фикри ман таҳсил ба таври фолиславӣ манфиатнок нест, бисёр чизҳоро намеомӯзем, муаллимон ҳам он қадар аҳамият намедиҳанд. Агар ба курси худам ба донишгоҳи тиббӣ интиқол ёбам, дар Тоҷикистон таҳсиламро идома медиҳам. Вале агар ба курси худам интиқол наёбам, то ором шудани вазъ ва оғози дарси ҳузурӣ мехоҳам дар Тоҷикистон бошам”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Бархе аз донишҷуёни дигари тоҷик гуфтанд, аллакай хобгоҳро тарк карда, дар манзилҳои иҷора зиндагӣ доранд.

 Б. Р. як донишҷӯйи дигари тоҷик, ки дар шаҳри Ош дар курси охир таҳсил мекунад, дар суҳбат бо мо гуфт, то анҷоми таҳсили фосилавӣ мехоҳад, дар Тоҷикистон истода таҳсилашро онлайнӣ давом диҳад, вале ба донишгоҳҳои Тоҷикистон интиқол ёфтанӣ нест.

Ӯ мегӯяд, дар пайи муноқишаҳои марзӣ ягон таъқибу фишор ва ё муносибати бадро аз сӯи қирғизҳо эҳсос накардааст.

“Ҳоло ҳамаи дарсҳои мо онлайнӣ аст. Мехоҳем ҳамин дарсҳоро дар Тоҷикистон истода хонем. Агар дарсҳо дубора тариқи офлайн гузаранд, боз омада таҳсилро дар ҳамин ҷой давом медиҳем. Мақсади мо интиқол ёфтан нест”, – гуфт  вай.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, дар баробари ин, агар ба яке аз донишгоҳҳои Тоҷикистон ҳам интиқол ёбад, мехоҳад, ки дар ҳамон курсе, ки дар Қирғизистон мехонад, дар Тоҷикистон идома диҳад.

“Вале агар гӯянд, зимни интиқол як курс поён мехонем, ба мо зарар мешавад. Чунки як сол қафо мемонем ва ин сарфи маблағу вақти зиёдатӣ аст”, – гуфт Б.Р.

Ӯ зикр кард, ҳоло дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунад ва муносибати ҳамсояҳову дӯстонаш бо ӯ хуб аст.

“Ҳоло, ки дарсҳо пурра онлайн аст, мо он қадар берун ҳам намебароем. Танҳо барои харидории маҳсулот бароем хуб, агар не то бегоҳ ба таври онлайнӣ дарс мехонем”, – гуфт вай.

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, дар баробари эҳтимоли ихроҷи донишҷӯёни тоҷик ҳамчунин, фишору таъқиб, табъиз ва пулситонӣ аз тоҷикони муқими Қирғизистон низ ҷой дорад.

Ин ниҳод гуфтааст, таъқибу таъбизи шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷиктаборони Қирғизистон натиҷаи мустақими маъракаи дар он кишвар авҷгирифтаи аз Тоҷикистон сохтани симои душман аст ва мақомоти Қирғизистон бояд ба ин табъиз хотима бахшанд ва бар асоси қонунҳои байналмилалӣ амнияти дипломатҳои Тоҷикистонро таъмин намоянд.

Аз ВКХ  гуфтанд, донишҷӯёни тоҷик ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Қирғизистон қарор доранд, метавонанд, барои баргаштан ба ватан бо ин рақамҳо ба Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон муроҷиат кунанд:

(+996 312) 51 16 37; 51 25 87
+996702105544 (WhatsApp, Telegram )

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...