Ҷудокорони тоҷик ба чемпионати ҷаҳон ба Тошканд мераванд

Ҳайати мунтахаби ҷудои Тоҷикистон барои иштирок дар Чемпионати навбатии ҷудои ҷаҳон, ки аз 6 то 13 октябр дар Тошканд баргузор мешавад, муайян шуд. Тоҷикистонро дар ин чемионат Эмомалӣ Нуралӣ (вазни то 66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода ва Муҳаммадраҳим Сарахонов (то 73 кг), Шодмон Ризоев ва Сомон Маҳмадбеков (то 81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов ва Комроншоҳ Устопириён (то […]

Ҳайати мунтахаби ҷудои Тоҷикистон барои иштирок дар Чемпионати навбатии ҷудои ҷаҳон, ки аз 6 то 13 октябр дар Тошканд баргузор мешавад, муайян шуд.

Тоҷикистонро дар ин чемионат Эмомалӣ Нуралӣ (вазни то 66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода ва Муҳаммадраҳим Сарахонов (то 73 кг), Шодмон Ризоев ва Сомон Маҳмадбеков (то 81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов ва Комроншоҳ Устопириён (то 90 кг), Абӯбакри Акобир (то 100 кг), Тимур Раҳимов (зиёда аз 100 кг) намояндагӣ мекунанд.

Бино ба маълумоти Федератсияи байнулмилалии ҷудо, дар чемпионат беш аз 570 варзишгар аз 86 кишвари саросари дунё ширкат меварзанд.

Рақобатҳо дар 14 дараҷаи вазнҳо – 7-тогӣ байни мардон ва занон, инчунин дар рӯзи охир – мусобқиаи омехта байни дастаҳо баргузор мешаванд.

Ғолибон ва ҷоизадорони чемпионат ба ҷуз медал, бо мукофтпулӣ низ қадрдонӣ карда мешаванд:

барои ҷойи аввал дар ҳисоби инфиродӣ – 26 ҳазор евро, зинаи дуюм -15 ҳазор евро ва ҷойи сеюм – 8 ҳазор евро.

Дар мусобиқаҳои омехтаи даставӣ тими ғолиб ба маблағи 90 ҳазор евро, зинаи дуюм – 60 ҳазор евро ва ҷойи сеюм – 25 ҳазор евро сарфароз гардонида мешаванд.

Дар мусобиқаҳои чемпонати Тоҷикистон Тоҷикистон ҳамагӣ як медал ба даст овардааст: соли 2007 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия Расул Боқиев ба дарёфти медали биринҷӣ дар вазни то 73 кг шарафёб гардид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.