“Мурдаро ба деҳаи дигар бурдем”. Қабристон гулӯлаборон мешуд

Деҳаи Чорқишлоқ дар шаҳри Исфара ҷойгир буда, аҳолии он бештар аз 5000 нафар аст. То ҳуҷуми қирғизҳо мардуми онҷо зиндагии осоишта доштанд. Аммо субҳи 14 – 16 – уми сентябр низомиёни қирғиз бо ҳуҷуми аҳдшиканонаи худ оромии ин мардумро ба ҳам заданд. Хабарнигори “Азия Плюс” ба ҷойи ҳодиса рафт ва бо сокинони ин деҳаи наздимарзӣ, […]

Деҳаи Чорқишлоқ дар шаҳри Исфара ҷойгир буда, аҳолии он бештар аз 5000 нафар аст. То ҳуҷуми қирғизҳо мардуми онҷо зиндагии осоишта доштанд. Аммо субҳи 14 – 16 уми сентябр низомиёни қирғиз бо ҳуҷуми аҳдшиканонаи худ оромии ин мардумро ба ҳам заданд.

Хабарнигори “Азия Плюс” ба ҷойи ҳодиса рафт ва бо сокинони ин деҳаи наздимарзӣ, ки дар пайи таҳоҷуми асокири қирғиз хисороти зиёд дидаанд, суҳбат намуд.

Дар ин деҳа аз тири сарбозони қирғиз 14 нафар захмӣ ва 4 нафар кушта шудаанд. Ҳамчунин, беш аз 10 хона дар ин маҳалла оташ зада шудаанд.

Ба нақли мардуми деҳа субҳи 14 ва 16 – уми сентябр сарбозони қирғиз аз гранатмиёт чанд маротиба гулула партоб карданд, ки дар натиҷа хонаҳо оташ гирифтанд.

Баъди чанд дақиқаи интизорӣ, мардуми деҳа ҷамъ шуданд ва ба кӯмаки ҳамсояҳое, ки хонаҳояшон оташ зада шуда буданд, шитофтанд. Ин кӯшишҳои сокинони деҳа беҳуда буд, чун пас аз чанд лаҳзаи гулулаборони аввал сарбозони қирғиз дубора оташкушоиро шиддат бахшиданд, ки дар натиҷа 4 нафар қурбон ва 14 нафар захмӣ шуданд.

Сокинон нақл мекунанд, ки сарбозони қирғиз ваҳшиёна тирборон мекарданд ва ба ҳеҷ касу ҳеҷ чиз раҳм надоштанд.

Пас аз қатъи оташкушоӣ, сокинони зиндамондаи деҳа ҷасади 4 сокини кушташударо пайдо карданд, ки ду нафари онҳо ба таври ваҳшиёна кушта шуда буданд.

“Мо ҷисми порашудаи ду сокини кушташударо аз ҳавлии яке аз хонаҳо ҷамъ карда, дар селофанҳо гузоштем ва бурда ба хок супоридем”, – бо эҳсос нақл мекунад яке аз сокинони деҳа.

Пас аз гузашти чанд рӯз ҳам сокинон аз ин хонаи тирбороншуда пораи ҷасад пайдо мекарданд, ки нақли он даҳшатовар буд.

Ваҳшонияти сарбозони қирғиз ҳадд надошт. Онҳо ба қабристони деҳа низ гулӯла партоб карданд.

“Мо ҷасади духтараки 15-соларо, ки аз тири қирғизҳо кушта шуд, ба қабристон бурдем, то дафн кунем, аммо сарбозони ваҳшии қирғиз ба қабристон низ гулӯла партоб карданд. Маҷбур шудем, ҷасадро ба қабристони аз деҳа берун бурда, дафн кунем”, – мегӯяд сокини дигари деҳа.

Мардуми ин деҳа мегӯянд аз ҳамсояҳои қирғизи худ чунин ваҳшониятро интизор надоштанд. Акнун онҳо маҷбуранд бо воқеиятҳо созиш кунанд ва минбаъд муносибати худро бо ҳамсоягонашон бар асоси амали онҳо ба роҳ монанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.