Созишнома имзо шуд. Донетску Луҳанск ва Херсону Запорож ба ҳайати Русия ворид шуданд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Шоми имрӯз, 30-юми сентябр, дар Кремл созишномаҳо дар бораи вуруди ҷумҳуриҳои халқии Донетску Луҳанск ва вилоятҳои Херсон ва Запорож ба ҳайати Русия миёни Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва роҳбарони ин минтақаҳо расман ба имзо расид.

Путин зимни баромади худ дар маросими имзои созишномаҳо аз Киев даъват кард, ки ба амалиёти ҷангӣ фавран хотима диҳад ва ба мизи гуфтушунид баргардад. Аммо гуфт, натиҷаҳои раъйпурсӣ мавриди баҳс қарор намегирад.

Ӯ ҳамчунин, афзуд, Киев бояд интихоби сокинони ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганск ва вилоятҳои Запороже ва Херсонро эҳтиром кунад.

Ба таъкиди ӯ, ин ягона роҳи расидан ба сулҳ аст.

“Русия минтақаҳои нави пайвастшударо бозсозӣ ва барқарор мекунад, то сокинони онҳо пуштибонии тамоми русҳоро эҳсос кунанд.Сокинони Донбасс, Запороже ва Херсон барои ҳамеша шаҳрвандони Русия мешаванд, – афзуд Путин.

Дар идомаи маросим, Путин бо Пушилин – раисҷумҳури  Донетск, Пасечник – президенти Луҳанск ва раисони вилоятҳои Запорож ва Херсон дар бораи қабули ин ҷумҳуриҳо ва вилоятҳо ба ҳайати Русия расман созишнома имзо кард.

Моҳи феврали соли раовн Путин фармонеро имзо кард, ки истиқлолияти вилоятҳои Херсон ва Запорожро эътироф мекунад. Русия 21 феврал истиқлолияти ДХР ва ЛХР-ро ба расмият шинохт. Баъдан Путин ҳамчунин, бо ҷумҳуриҳо дар бораи дӯстӣ ва кӯмаки мутақобила шартнома имзо кард.

Пас аз се рӯз Русия амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард, ки то ба ҳол давом дорад.

Баъди ин кишварҳои Ғарб бар зидди Русия таҳримот ҷорӣ кард ва амалиёти Русияро ҳамлаи мусаллаҳона ба хоки Украина унвон кард. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...