Созишнома имзо шуд. Донетску Луҳанск ва Херсону Запорож ба ҳайати Русия ворид шуданд

Шоми имрӯз, 30-юми сентябр, дар Кремл созишномаҳо дар бораи вуруди ҷумҳуриҳои халқии Донетску Луҳанск ва вилоятҳои Херсон ва Запорож ба ҳайати Русия миёни Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва роҳбарони ин минтақаҳо расман ба имзо расид. Путин зимни баромади худ дар маросими имзои созишномаҳо аз Киев даъват кард, ки ба амалиёти ҷангӣ фавран хотима диҳад ва […]

Шоми имрӯз, 30-юми сентябр, дар Кремл созишномаҳо дар бораи вуруди ҷумҳуриҳои халқии Донетску Луҳанск ва вилоятҳои Херсон ва Запорож ба ҳайати Русия миёни Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва роҳбарони ин минтақаҳо расман ба имзо расид.

Путин зимни баромади худ дар маросими имзои созишномаҳо аз Киев даъват кард, ки ба амалиёти ҷангӣ фавран хотима диҳад ва ба мизи гуфтушунид баргардад. Аммо гуфт, натиҷаҳои раъйпурсӣ мавриди баҳс қарор намегирад.

Ӯ ҳамчунин, афзуд, Киев бояд интихоби сокинони ҷумҳуриҳои Донетск ва Луганск ва вилоятҳои Запороже ва Херсонро эҳтиром кунад.

Ба таъкиди ӯ, ин ягона роҳи расидан ба сулҳ аст.

“Русия минтақаҳои нави пайвастшударо бозсозӣ ва барқарор мекунад, то сокинони онҳо пуштибонии тамоми русҳоро эҳсос кунанд.Сокинони Донбасс, Запороже ва Херсон барои ҳамеша шаҳрвандони Русия мешаванд, – афзуд Путин.

Дар идомаи маросим, Путин бо Пушилин – раисҷумҳури  Донетск, Пасечник – президенти Луҳанск ва раисони вилоятҳои Запорож ва Херсон дар бораи қабули ин ҷумҳуриҳо ва вилоятҳо ба ҳайати Русия расман созишнома имзо кард.

Моҳи феврали соли раовн Путин фармонеро имзо кард, ки истиқлолияти вилоятҳои Херсон ва Запорожро эътироф мекунад. Русия 21 феврал истиқлолияти ДХР ва ЛХР-ро ба расмият шинохт. Баъдан Путин ҳамчунин, бо ҷумҳуриҳо дар бораи дӯстӣ ва кӯмаки мутақобила шартнома имзо кард.

Пас аз се рӯз Русия амалиёти вижаро дар Украина оғоз кард, ки то ба ҳол давом дорад.

Баъди ин кишварҳои Ғарб бар зидди Русия таҳримот ҷорӣ кард ва амалиёти Русияро ҳамлаи мусаллаҳона ба хоки Украина унвон кард. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.