“Коҳиши интиқоли маблағ ва заифии пойгоҳи 201-ум”. Таъсири “мобилизатсия” ба Тоҷикистон

Эълони сафарбаркунии ҷузъӣ дар Русия сардаргумӣ ва номуайяниро натанҳо дар ҷомеаи ин кишвар, балки кишварҳои шарики иқтисодии он низ ба миён овардааст. Акнун таҳлилгарон дар баробари пайомадҳои сиёсии ин иқдоми Маскав, таъсири иқтисодии он ба кишварҳои ҳамкори Русияро баррасӣ менамоянд. Аз ҷумла, таъсири сафарбарии ҷузъӣ ва густариши доманаи ҷанг дар Украина ба иқтисодиёти Тоҷикистон, ки […]

Эълони сафарбаркунии ҷузъӣ дар Русия сардаргумӣ ва номуайяниро натанҳо дар ҷомеаи ин кишвар, балки кишварҳои шарики иқтисодии он низ ба миён овардааст. Акнун таҳлилгарон дар баробари пайомадҳои сиёсии ин иқдоми Маскав, таъсири иқтисодии он ба кишварҳои ҳамкори Русияро баррасӣ менамоянд.

Аз ҷумла, таъсири сафарбарии ҷузъӣ ва густариши доманаи ҷанг дар Украина ба иқтисодиёти Тоҷикистон, ки аз интиқоли маблағҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия вобастагӣ дорад, аксари таҳлилгарони иқтисодиро ба андеша водор кардааст.

Аз ин рӯ “Азия-Плюс” аз коршиносони мухталиф пурсид, ки эълони сафарбаркунии ҷузъӣ дар Русия ба вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ Тоҷикистон чӣ таъсир расонида метавонад?

Абдумалик Қодиров, коршиноси масоили сиёсӣ

Тақрибан 50-60 дарсади зодагони Тоҷикистон, ки дар чанд соли охир шаҳрвандии Русияро гирифтанд, ба талаботи сафарбаркунии ҷузъии Русия ҷавобгӯй мебошанд. Аз рӯи қонунгузорӣ, дар сурати гирифтани даъватнома онҳо вазифадоранд, ки ба комисариати ҳарбӣ ҳозир шаванд ва “қарзи шаҳрвандии худро” дар назди ватани навашон иҷро кунанд, ки ин албатта, ба Тоҷикистон зарари калон мерасонад. Чунки шаҳрвандони мо дар ин ҷанги бемаъно қурбони амбитсияҳои як нафар мешаванд ва вақте тобутҳои онҳо ба Тоҷикистон бармегардад, вазъи бе ин ҳам ноороми моро нооромтар мекунад.

Таъсири манфии дигар ин аст, ки интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон кам мешавад. Яъне қисме аз онҳое, ки дар Русия кор карда ба Тоҷикистон пул мефиристоданд, ба ватанашон бармегарданд ва табии, ки дигар пул фиристода наметавонанд.

Ба замми ин, вақте муҳоҷирони дорои душаҳрвандӣ ба Тоҷикистон меоянд, вазъи умумии демографиву иқтисодии Тоҷикистон хароб мешавад. Теъдоди зиёди мардум бекор ва сатҳи бекорӣ баланд шуда, метавонад таъсири манфии худро ба ҳаёти ҳаррӯзаи мо расонад.

Ҳамчунин, зарфияти пойгоҳи 201-уми Русияро дар Тоҷикистон, ки гурӯҳҳои тундрав дар он сӯи Омӯ аз он ҳарос доштанд, коҳиш меёбад. Яъне, дар пайи эълони “мобилизатсия”-и ҷузъӣ, қисме аз аскарони пойгоҳи 201-уми Русия ва техникаҳои ҷангии он ба Украина бурда мешавад ва ин зарфияти пойгоҳро паст мекунад. Мушоҳида мешавад, ки пас аз эълони сафарбаркунии ҷузъӣ гуруҳҳои ҷангҷӯ аз он сӯйи Ому “шердил” шудаанд. Заиф шудани пойгоҳи 201 метавонад боиси эҷоди хатар дар сарҳади Афғонистон ва дар умум, Тоҷикистон шавад.

Дар баробари ин, яке аз таъсироти мусбати сафарбаркунии ҷузъӣ барои Тоҷикистон ин аст, ки  ҳангоми фирор аз ҷанг як қисми мутахассисони рус, ки ба Тоҷикистон меоянду кор мекунанд, андоз месупоранд ва таҷрибаи бойи худро дар мо ҷорӣ мекунанд.

Манфиати дигар ин ворид гардидани пул дар натиҷаи фирори русҳо ба Тоҷикистон аст. Вале онҳо аксар Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказиро ҳамчун кишвари транзитӣ истифода мекунанд.

Абдуманнон Шералиев, иқтисодшиноси тоҷик

Сафарбаркунии ҷузъӣ ё басиҷ бегумон даҳҳо ҳазор мардони тоҷикро, ки шаҳрвандии Русияро доранд беҷо хоҳад кард. Яъне онҳо ё аз Русия ба кишвари саввум ё ба Тоҷикистон мераванд ва ё пинҳон мешаванд.

Дар ҳар ҳол, басиҷ таъсири худро ба иҷтисоди Тоҷикистон мерасонад. Онҳое, ки ба кишвари савум мераванд ва ё дар худи Русия пинҳон мешаванд, интиқоли пул ба Тоҷикистонро ҳади ақал барои муддате қатъ мекунанд ва он ҳатман ба ҳаҷми пули интиқолшаванда таъсир мерасонад. Онҳое, ки ба Тоҷикистон мераванд, ҳатман бо худ маблағҳое, ки бамаротиб бештар аз он чи интиқол мекарданд аст, хоҳанд бурд. Қисме бизнеси хурд ва миёна ва сармояи худро ба ватан интиқол медиҳанд, аммо бо дарназардошти муносибати масъулини кишвар бо бизнес, ин гурӯҳ на чандон бузург хоҳад буд. Бизнеси калон (албатта бо ченаки Тоҷикистон) намеравад. Ин омил метавонад дар кӯтоҳмуддат такони хурде ба иқтисод ва бозори арзи Тоҷикистон бидиҳад. Аммо дар дарозмуддат таъсир манфӣ хоҳад буд. Чун даҳҳо ҳазор нафар даромад ва ҷои кори худро аз даст медиҳанд, иқтисоди Русия бинобар ҷанг, гузаштан ба ҳолати ҷангӣ, фирори мардум ва ғайра хеле заъифтар шуда, даромади онҳое ҳам, ки ба онҳо хатари басиҷ таҳдид намекунад, хеле камтар мешавад.

Албатта вуруди сайёҳон ба ҳар кишваре, чӣ он сайёҳи ихтиёрӣ бошад, чӣ гуреза даромад меорад. Русҳои гуреза ҳатман маблағҳое бо худ меоранд ва онро дар Тоҷикистон масраф мекунанд. Аммо бинобар кам будани шумори онҳо дар гумон аст, ки таъсире ба иқтисоди кишвар дошта бошад.

Абдулло Давлатов, раиси собиқи Анҷумани тоҷикистониёни Русия

Ин аз ҳукумати Тоҷикистон вобаста аст, ки то куҷо иҷозат медиҳад сафарбарии ҷузъӣ таъсиргузори қонунҳои кишварашон шавад.

Дар мавриди муҳоҷирони корӣ, фикр кунам, ки пайдо мешаванд нафароне, ки аз ин пешниҳод истифода кунанд. Қабл аз эълони сафарбарӣ ҳам, чанд нафар шахсан аз худам роҳҳои ба артиши Русия ворид шуданро пурсида буданд. Ҳадафи онҳо соҳиб шудан ба шаҳрвандии Русия буд. Ҳатто 2 нафар ҳам занг задаву шумораи телефонии марказҳои ҷалби табибонро пурсида буданд. Мутаҳаррикашон пули калон гирифтан аст.

Хубӣ ё бадии ин амр ба тоҷикон ҳамвазни хубиву бадӣ ба миллатҳову қавмҳои ин кишвар аст: барои яке "хуб" асту барои дигаре "бад".

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.