Бо шиносномаи миллӣ ва дарёфти раводид дар Душанбе. Тағйирот барои гирифтани Грин-корти Амрико

Имсол дар раванди қабул ва гирифтани Грин-корт (корти сабз)-и Амрико чанд тағйирот ворид гардидааст. Дар ин бора аз Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Ба гуфтаи манбаъ, имсол сабти онлайнӣ дар Грин-корт пагоҳ, 5-уми октябр, соати 8:00 ба вақти Ню-Йорк ва 17:00 ба вақти Душанбе, оғоз меёбад. Қаблан бақайдгирии ин лоторея аз 7-уми […]

Имсол дар раванди қабул ва гирифтани Грин-корт (корти сабз)-и Амрико чанд тағйирот ворид гардидааст. Дар ин бора аз Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, имсол сабти онлайнӣ дар Грин-корт пагоҳ, 5-уми октябр, соати 8:00 ба вақти Ню-Йорк ва 17:00 ба вақти Душанбе, оғоз меёбад. Қаблан бақайдгирии ин лоторея аз 7-уми октябр шурӯъ мешуд.

Ҳамзамон, соли ҷорӣ шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бо шиносномаи миллӣ худро дар лотереяи Грин-корт сабти ном кунанд. Қаблан, барои супоридани Грин-корт доштани шиносномаи хориҷӣ ҳатмӣ буд.

“Вале шахсоне, ки шиносномаи хориҷӣ доранд, беҳтараш бо он худро ба қайд гиранд. Зеро давоми корҳои ҳуҷҷатгузорӣ дар ҳолати бурди Грин-корт бо шиносномаи хориҷӣ сурат мегирад”, – тавсия доданд аз Сафорати Амрико дар Тоҷикистон.

Ҳамчунин, минбаъд шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳолати бурди Грин-корт метавонанд раводиди Амрикоро аз сафорати ин кишвар дар Душанбе дастрас намоянд. Қаблан барои дастрас намудани раводид, шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур буд, ки ба Қазоқистон сафар кунанд аз сафорати ИМА дар ин кишвар раводид бигиранд.

Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ки квота барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли 2023 нисбат ба соли қаблӣ бештар шудааст, аммо дақиқ нест, ки то чӣ миқдор зиёд гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки Департаменти давлатии Амрикор ҳар сол барои шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ба Иёлоти Муттаҳида 50 000 раводиди доимии истиқомат (корти сабз)-ро ба тариқи лотерея пешниҳод мекунад.

Дар умум, ҳар сол тақрибан 14 миллион нафар аз тамоми ҷаҳон дар ин барнома иштирок менамоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.