Вакилони қирғиз “мобилизатсия”-и ихтиёрӣ ва тақсими аслиҳа ба сокинони наздимарзиро иҷоза доданд

Centralasian.org

Аъзои кумитаи умури байналхалқӣ, мудофиа, амният ва муҳоҷирати порлумони Қирғизистон рӯзи 3-юми октябр тарҳи қонунеро баррасӣ карданд, ки имкон медиҳад, "дар ҳолатҳои изтирорӣ" ба сокинони ноҳияҳои наздимарзии вилоятҳои Бодканд ва Ӯши он кишвар аслиҳа дода шавад.

Вакили порлумон Марлен Маматалиев гуфт, тасмим гирифта шудааст, ки ҳамаи ташаббусҳои вакилон баъди низоъ дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон, дар як санад гирдоварӣ шавад.

Ба гуфтаи вай, ҳоло пешниҳод аст, ки ба 4 қонун – "Дар бораи омодагии басиҷ ва басиҷи низомӣ дар Қирғизистон", "Дар бораи уҳдадориҳои ҳатмии ҳарбии шаҳрвандони Қирғизистон", "Дар бораи аслиҳа" ва "Дар бораи масъулони марз" тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд.

"Баъди ҳодисаҳои вилояти Бодканд мо бо сокинони маҳаллӣ суҳбат кардем. Онҳо мехоҳанд, ки имкони ихтиёран басиҷ шуданро дошта бошанд. Онҷо шаҳрвандоне ҳастанд, ки ба шикор машғуланд, омодагии низомӣ доранд. Ҳамчунин мо мехоҳем, ба қонунҳо тағйирот ворид кунем ва ба ин тартиб, дар ҳолатҳои алоҳида ба касоне ҳам силоҳ дода шавад, ки таҷрибаи низомӣ надоранд. Аммо ин маънои онро надорад, ки якбора ба ҳама силоҳ диҳанд, тарбит ва раванди онро бояд вазорати корҳои дохилӣ танзим кунад", – гуфт вакил.

Баъди баҳсу баррасӣ ин тарҳи қонун дар кумитаи мазкури порлумони Қирғизистон қабул шудааст.

Равобити Душанбе ва Бишкек дар як соли ахир пурмушкил шудааст. Далели тира шудани равобити Тоҷикистону Қирғизистон сар задани муноқишаҳои пайиҳам дар марзи ду кишвар гуфта мешавад. Аз ҷумла дар даргирии рӯзҳои 14-17 сентябр аз ҳарду тараф беш аз 100 нафар кушта ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд. Ҳарду тараф якдигарро дар ин кор гунаҳкор мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...