Вакилони қирғиз “мобилизатсия”-и ихтиёрӣ ва тақсими аслиҳа ба сокинони наздимарзиро иҷоза доданд

Аъзои кумитаи умури байналхалқӣ, мудофиа, амният ва муҳоҷирати порлумони Қирғизистон рӯзи 3-юми октябр тарҳи қонунеро баррасӣ карданд, ки имкон медиҳад, "дар ҳолатҳои изтирорӣ" ба сокинони ноҳияҳои наздимарзии вилоятҳои Бодканд ва Ӯши он кишвар аслиҳа дода шавад. Вакили порлумон Марлен Маматалиев гуфт, тасмим гирифта шудааст, ки ҳамаи ташаббусҳои вакилон баъди низоъ дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон, […]

Centralasian.org

Аъзои кумитаи умури байналхалқӣ, мудофиа, амният ва муҳоҷирати порлумони Қирғизистон рӯзи 3-юми октябр тарҳи қонунеро баррасӣ карданд, ки имкон медиҳад, "дар ҳолатҳои изтирорӣ" ба сокинони ноҳияҳои наздимарзии вилоятҳои Бодканд ва Ӯши он кишвар аслиҳа дода шавад.

Вакили порлумон Марлен Маматалиев гуфт, тасмим гирифта шудааст, ки ҳамаи ташаббусҳои вакилон баъди низоъ дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон, дар як санад гирдоварӣ шавад.

Ба гуфтаи вай, ҳоло пешниҳод аст, ки ба 4 қонун – "Дар бораи омодагии басиҷ ва басиҷи низомӣ дар Қирғизистон", "Дар бораи уҳдадориҳои ҳатмии ҳарбии шаҳрвандони Қирғизистон", "Дар бораи аслиҳа" ва "Дар бораи масъулони марз" тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд.

"Баъди ҳодисаҳои вилояти Бодканд мо бо сокинони маҳаллӣ суҳбат кардем. Онҳо мехоҳанд, ки имкони ихтиёран басиҷ шуданро дошта бошанд. Онҷо шаҳрвандоне ҳастанд, ки ба шикор машғуланд, омодагии низомӣ доранд. Ҳамчунин мо мехоҳем, ба қонунҳо тағйирот ворид кунем ва ба ин тартиб, дар ҳолатҳои алоҳида ба касоне ҳам силоҳ дода шавад, ки таҷрибаи низомӣ надоранд. Аммо ин маънои онро надорад, ки якбора ба ҳама силоҳ диҳанд, тарбит ва раванди онро бояд вазорати корҳои дохилӣ танзим кунад", – гуфт вакил.

Баъди баҳсу баррасӣ ин тарҳи қонун дар кумитаи мазкури порлумони Қирғизистон қабул шудааст.

Равобити Душанбе ва Бишкек дар як соли ахир пурмушкил шудааст. Далели тира шудани равобити Тоҷикистону Қирғизистон сар задани муноқишаҳои пайиҳам дар марзи ду кишвар гуфта мешавад. Аз ҷумла дар даргирии рӯзҳои 14-17 сентябр аз ҳарду тараф беш аз 100 нафар кушта ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд. Ҳарду тараф якдигарро дар ин кор гунаҳкор мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.