Боздошти як мансабдор дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо гумони сохтакорӣ ва азхудкунии пули давлат

Агентии зиддифасоди Тоҷикистон Меҳтар Ҷовидзода, мутахассиси шуъбаи хазинадории раёсати молияи ноҳияи Ҷ.Расулови вилояти Суғдро бо гумони азонихудкунӣ ва сохтакории хизматӣ боздошт кардааст. Дар ин бора сомонаи расмии Агентӣ иттилоъ медиҳад. “Номбурда ҳамчун сарпарасти бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Ҷ.Расулов вазифагузорӣ гардида, бо истифода аз барномаи электронии SGB.net., аз буҷети бахши мазкур маблағи умумии 109 […]

Агентии зиддифасоди Тоҷикистон Меҳтар Ҷовидзода, мутахассиси шуъбаи хазинадории раёсати молияи ноҳияи Ҷ.Расулови вилояти Суғдро бо гумони азонихудкунӣ ва сохтакории хизматӣ боздошт кардааст. Дар ин бора сомонаи расмии Агентӣ иттилоъ медиҳад.

“Номбурда ҳамчун сарпарасти бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Ҷ.Расулов вазифагузорӣ гардида, бо истифода аз барномаи электронии SGB.net., аз буҷети бахши мазкур маблағи умумии 109 ҳазору 500 сомониро бо роҳи сохтакории хизматӣ ба тассаруфи худ даровард, ки дар натиҷа ба давлат зарари калони моддӣ расонид”- афзудааст манаъ.

Дар робита ба ҳолати мазкур, Агентӣ нисбати Меҳтар Ҷовидзода бо моддаҳои 245 қисми 3 банди “а” (ҷарима ба андозаи аз 70 ҳазор то 117 ҳазор ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз шаш то даҳ сол) ва 323 (ҷарима ба андозаи аз 16 ҳазор то 23 ҳазор ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз карда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол намудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.