Ҳалокати ду нафар бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Бар асари садамаи нақлиётӣ дар роҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди ноҳияи Ҷ. Расулов ронанда ва мусофираш ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора дафтари матбуотии ВКД хабар медиҳад.

"4 октябр ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Камол Қаюмови 37-сола, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи Орзуқул Зулфонови 40-сола, сокини шаҳри Душанбе, бархӯрдааст", – навиштааст манбаъ.

Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Қаюмов К.М. ва мусофираш Баҳриддин Ҷумъаеви 33 сола, сокини ноҳияи Б. Ғафуров, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Манбаъ афзудааст, ронандаи автомашинаи дигари тамғаи «Опел-Астра», Зулфонов О.Н. ва мусофири дохили автомашина Баҳодир Қузиеви 38-сола, сокини ноҳияи Деваштич, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...