Абдуфаттоҳ Шарифзода: “Эмомалӣ Раҳмон зодрӯзашонро дар иҳотаи фарзандону пайвандон ҷашн мегиранд”

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон,  ки имрӯз, 5-уми октябр, 70-сола мешавад, зодрӯзашро дар иҳотаи фарзандону пайвандонаш ҷашн мегирад. Дар ин бора Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президент ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ӯ гуфт, 5-уми октбяр барои Эмомалӣ Раҳмон рӯзи муқаррарии корӣ аст ва ба муносибати зодрӯзи президент дар кишвар баргузории чорабиние дар назар нест.

“Зодрӯзашонро Ҷаноби Олӣ пас аз соати корӣ, дар оила, дар иҳотаи фарзандону пайвандонашон ҷашн мегиранд”, – гуфт Абдуфаттоҳ Шарифзода.

Таҷлили зодрӯз дар ҳалқаи оила аз сӯи президент дар ҳолест, ки шурӯъ аз субҳи имрӯз, чанде аз роҳбарони кишварҳои ҷаҳон, ба мисли Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, президенти Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ, президенти якуми Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, президенти кунунии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ва дигарон бо ирсоли номаи табрикотӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати 70-солагиаш табрик карданд.

Ҳамчунин, корбарони шабакаҳои иҷтимоии тоҷикзабон низ бо нашри аксу наворҳои Эмомалӣ Раҳмон президентро бо ҷашни зодрӯз муборакбод менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон 5-уми октябри соли 1952 дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон 19-уми ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуд ва дар интихоботи рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ президенти Тоҷикистон интихоб гардид.

Ҳамин тариқ, 6-уми ноябри соли 1999 дар асоси алтернативӣ ва бо овоздиҳии умумихалқӣ бори дуюм ба мӯҳлати ҳафт сол президенти Тоҷикистон интихоб гардида, 6-уми ноябри соли 2006 бори сеюм ба мӯҳлати ҳафт сол роҳбари Тоҷикистон шуд. Эмомалӣ Раҳмон 6-уми ноябри соли 2013 бо 84,23% овози интихобкунандагон дар интихоботи навбатии президенти Тоҷикистон пирӯз гардид.

Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2016 дорои унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мебошад ва аз ҳаққи бемаҳдуди пешниҳоди номзадияш дар интихобот бархӯрдор аст. Бори охир соли 2020 Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентӣ ғалаба кард ва барои ҳафт соли дигар роҳбари давлат шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...