Вазорати тандурустӣ: Дар байни кӯдакон хатари гирифторӣ ба гепатити А зиёд шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз афзоиши хатари гирифторӣ ба гепатити вирусии А дар миёни кӯдакон хабар медиҳад. Аммо ниҳоди мазкур мегӯяд, ин беморӣ мавсимӣ буда, боиси нигаронӣ нест. Тавре Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» хабар дод, ҳоло ҳолатҳои сирояти […]

Манзума Фирӯз, Азия-Плюс

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз афзоиши хатари гирифторӣ ба гепатити вирусии А дар миёни кӯдакон хабар медиҳад. Аммо ниҳоди мазкур мегӯяд, ин беморӣ мавсимӣ буда, боиси нигаронӣ нест.

Тавре Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» хабар дод, ҳоло ҳолатҳои сирояти бемории гепатит А дар байни бачагони аз 3 то 14-солае, ки ба мактабхо ва боғча мераванд ба қайд гирифта мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, ин як бемории мавсимӣ аст ва ҷойи нигроние вуҷуд надорад. Вай мегӯяд, «сироят асосан тавассути ғизо ва оби олуда ба вуҷуд меояд ва ба ин далел, хатари сироятёбии кӯдаконе, ки ба боғча ва мактаб мераванд, зиёд аст».

Номбурда ҳамчунин қайд кард, ки дар соли 2022 эпидемияи ин беморӣ дар кишвар дар назар нест. Инчунин, илова кард, ки дар Тоҷикистон кӯдакон зидди гепатити А эм намешаванд, зеро ба он танҳо тибқи нишондодҳои эпидемиявӣ муроҷиат мекунанд.

«Ваксина зиди бемории гепотит А дар тақвими миллии эмгузаронии пешгирикунанда дар Тоҷикистон қайд нашудааст. Азбаски ин сирояти рӯда аст ва агар гигиенаи шахсӣ риоя карда шавад, шахс метавонад бемор нашавад. Дар мо беморон кам буда, аз ин рӯ, ваксина ба тақвим ворид нашудааст”, – гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.

Ҷаъфаров ёдовар шуд, ки солҳои гузашта, ки дар бархе аз манотиқи кишвар ба далели дастрасӣ ба оби тоза теъдоди беморон афзоиш ёфта, ҳудуди 20-25 ҳазор нафарро ташкил медод, ду маротиба алайҳи гепатит А беморон эм карда шуданд.

«Ин ваксинаро худи Вазорати тандурустӣ харидорӣ намуд. Ва вақте ки дар тақвим чунин ваксина вуҷуд надорад, пас арзиши он хеле баландтар аст. Ҳоло бошад, хариданро бас кардем, зеро беморон каманд”, – афзуд ӯ.

Ёдовар мешавем, ки қаблан, аз 5 то 15-уми сенятбр, дар шаҳри Душанбе ва навоҳии Рашту Нуробод давраи эмгузаронии ройгон бар зидди бемории гузарандаи сурхча ва гулафшон баргузор гардид. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.