Иҷборӣ ё ихтиёрӣ? Дар Душанбеву Рашт бар зидди ду вируси сироятӣ ваксина мезананд

Аз 5 то 15-уми сенятбр дар шаҳри Душанбе ва навоҳии Рашту Нуробод давраи эмгузаронии ройгон бар зидди бемории гузарандаи сурхча ва гулафшон баргузор мегардад. Дар ин бора Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти беҳдоштии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба “Азия-Плюс” хабар дод. Ӯ гуфт, аз бемориҳои сурхча ва гулафшон кӯдакони то 15-сола бо истифодаи […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Аз 5 то 15-уми сенятбр дар шаҳри Душанбе ва навоҳии Рашту Нуробод давраи эмгузаронии ройгон бар зидди бемории гузарандаи сурхча ва гулафшон баргузор мегардад. Дар ин бора Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти беҳдоштии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Ӯ гуфт, аз бемориҳои сурхча ва гулафшон кӯдакони то 15-сола бо истифодаи вояе, ки аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) тасдиқ шудааст, эм мешаванд.

Ба иттилои номбурда, эмгузаронӣ тибқи рӯйхати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар дигар минтақаҳои кишвар низ ба нақша гирифта шудааст ва масъулин мунтазири хариди ин ваксина ҳастанд.

Ин масъули вазорати тандурустӣ ба таври мушаххас нагуфт, ки гузаронидани ваксина бар зидди ин бемориҳо дар мактабу боғчаҳо иҷборӣ ё ихтиёрӣ аст.

Вай савол гузошт, ки “шахс вақте бемор шуда, маблағи зиёд сарф кунад хуб аст ё пешакӣ ваксина гирифта, бемориро пешгирӣ намояд?!”

 

Иҷборӣ ё ихтиёрӣ? Шарҳи ҳуқуқшинос

Дар ҳамин ҳол, бархе аз волидайн шикоят мекунанд, ки фарзандони онҳоро дар мактабу боғчаҳо духтурон иҷборан ваксина мезананд.

Волидон мепурсанд, ки оё онҳоро маҷбур кардан мумкин аст, ки фарзандони худро эм кунанд ва ин дар асоси қонун чӣ гуна аст?

Наврӯз Одинаев, ҳуқуқшиноси ширкати “Ҳимоя”, дар робита ба ин суол ба хабарнигори Азия-Плюс” гуфт, дар моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иммунопрофилактикаи бемориҳои сироятӣ” ҳуқуқи шаҳрвандон барои даст кашидан аз ваксинаҳои пешгирикунанда пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, оқибатҳои рад кардани эмгузаронӣ дар қисми 3-и ин модда пешбинӣ шудааст:

— сафари шаҳрвандон ба мамлакатҳое, ки бинобар будубошашон дар он ҷо мутобиқи қоидаҳои байналмилалии тиббию санитарӣ ё шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон эмкунии мушаххаси профилактикӣ шарт аст, манъ карда мешавад;

— ҳангоми хуруҷи оммавии бемориҳои сироятӣ ё пешомади хатари эпидемия шаҳрвандон ба муассисаҳои таълимӣ ва табобатӣ муваққатан қабул карда намешаванд;

— шаҳрвандон ба корҳое, ки иҷрояшон бо хавфу хатари зиёди сироят кардани бемориҳои сироятӣ алоқаманд аст,  қабул намегарданд ё аз чунин корҳо дур карда мешаванд.

Ба гуфтаи Одинаев, эмкунии профилактикӣ бо розигии шаҳрвандон, падару модар ё намояндагони дигари қонунии ноболиғон ва шахсоне, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайри қобили амал эътироф шудаанд, гузаронида мешавад.

“Ҳамин тавр, ҳангоми гузаронидани эмкунӣ дар мактабҳо бояд ҳатман розигии волидони (намояндаҳои қонунӣ) кӯдакон гирифта шавад”, – мегӯяд ҳуқуқшинос.

 

Ин чӣ беморӣ аст?

Гуфта мешавад, ки бемории сурхча ангезаҳои вирусӣ дошта, нишонаҳои он баланд шудани ҳарорати бадан, назлаи роҳҳои нафас, сулфа, зуком, гирифтани овоз, илтиҳоби луобпардаи чашму даҳон ва дамидани доначаҳои калони сурх мебошад.

Ба гуфтаи табибон, сурхча бемории гузаранда буда, он вирусҳое, ки дар қатраҳои хурди балғам, луоб ва оби даҳони бемор ҷамъ меоянд, ҳангоми сулфа, атса ва гуфтугӯ ба нафари дигар сироят мекунанд.

Бемории гулафшон дар боло ва таҳти пӯст падид омада, ба сурати нуқта, рахшакл, доғҳои хурд ва калон пайдо мешавад. Он ҳам сирояткунанда буда, ба таъкиди табибон, ҷараёни он музмин мегузарад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.