Аҳмадшоҳ Масъуд. Пас аз 21 сол дар Лондон ёд карданд

Дар парлумони Британия аз корномаи Аҳмадшоҳ Масъуд – қаҳрамони миллии Афғонистон, ки 21 сол қабл террор карда шуд, ёд карданд. Дар ин бора рӯзномаи “8 субҳ”-и Афғонистон хабар медиҳад. Рӯзнома менависад, ки “маросими ёдбуди Аҳмадшоҳ Масъуд 7-уми сентябр бо ибтикори ду вакили шотландии парлумони Британия – Элисон Тулис ва Патрик Гред доир гардид”. Дар ҷараёни […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Дар парлумони Британия аз корномаи Аҳмадшоҳ Масъуд – қаҳрамони миллии Афғонистон, ки 21 сол қабл террор карда шуд, ёд карданд. Дар ин бора рӯзномаи “8 субҳ”-и Афғонистон хабар медиҳад.

Рӯзнома менависад, ки “маросими ёдбуди Аҳмадшоҳ Масъуд 7-уми сентябр бо ибтикори ду вакили шотландии парлумони Британия – Элисон Тулис ва Патрик Гред доир гардид”.

Дар ҷараёни маросими ёдбуд ҳамчунин, филми кӯтоҳе аз набардҳои Ҷабҳаи муқовамати миллӣ дар Андароби вилояти Бағлон намоиш дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки Аҳмадшоҳ Масъуд 9-уми сентябри соли 2001 дар ҳамлаи террористӣ, дар вулусволии Хоҷа Баҳоуддини вилояти Тахор кушта шуд.

Аҳмадшоҳ Масъуд, Қаҳрамони милии Афғонистон 2 сентябри соли 1953 дар деҳаи тоҷикнишини Ҷангалаки вилояти Панҷшер, воқеъ дар шимоли шаҳри Кобул, дар оилаи полковник Шоҳӣ Дӯст Муҳаммадхон таваллуд шудааст.

Ӯ аз машҳуртарин қумандонҳои муҷоҳидини ҷанги Афғонистон бар зидди Иттиҳоди Шӯравӣ ва баъдан Толибон* буд. Ҳоло ягона писари ӯ Аҳмад Масъуд бо ташкили Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бар зидди Толибон*, ки қудратро дар Афғонистон ғасб карданд, мубориза мебарад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.