Ҳукумат ба сохторҳои давлатӣ дастур дод, ки хароҷотро камтар кунанд

Ҳукумати Тоҷикистон ба вазорату идора ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастур дод, ки аз хароҷоти дуюмдараҷаи маблағҳои буҷет худдорӣ кунанд. “Бо мақсади истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва бо дарназардошти иҷрои воқеии буҷети давлатӣ аз пешниҳоди дархостҳо оид ба маблағгузории иловагӣ қатъиян худдорӣ намоянд”, – омадааст дар қарори ҳукумат вобаста ба “вазифаҳо то охири соли 2022”. […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ба вазорату идора ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастур дод, ки аз хароҷоти дуюмдараҷаи маблағҳои буҷет худдорӣ кунанд.

“Бо мақсади истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва бо дарназардошти иҷрои воқеии буҷети давлатӣ аз пешниҳоди дархостҳо оид ба маблағгузории иловагӣ қатъиян худдорӣ намоянд”, – омадааст дар қарори ҳукумат вобаста ба “вазифаҳо то охири соли 2022”.

Ин санад дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ нашр шуда, дар он ҳамчунин дар бораи “андешидани чораҳои зарурӣ дар самти истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, худдорӣ аз хароҷоти дуюмдараҷа, дарёфти сарчашмаҳои нави даромад, иҷрои сифатнок ва пурраи қисми даромади буҷети давлатӣ, идоракунии самараноки молияи давлатӣ” сухан меравад.

Дар ҳамин ҳол, супориш дода мешавад, ки бо мақсади таъмини иҷрои буҷети давлатӣ, пурра ва сари вақт маблағгузорӣ намудани ҳама соҳаҳои иқтисодиёт тадбирҳо андешида шаванд.

Қобили зикр аст, ки моҳи марти соли равон ҳукумат нақшаи зиддибуҳронӣ қабул кард, ки дар бандҳои он маҳдуд кардани хароҷоти ғайриафзалиятноки буҷетӣ, аз ҷумла хароҷот барои харидани мошину таҷҳизот, таъмири биноҳо, харҷи сафарҳои хидматӣ ва ғайра пешбинӣ шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати молия, қисмати даромади буҷети давлатӣ дар нимсолаи аввали соли равон 2% барзиёд иҷро шуда, ба буҷет 15,1 млрд сомонӣ (ҳудуди 1,5 млрд доллар) маблағ ворид гардид.

Даромади буҷет асосан аз пардохти андозҳо иборат аст, ки ҳаҷми умумии онҳо 10,2 млрд сомониро ташкил дод. Ҳиссаи даромад аз пардохти андоз дар ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ ба 67,5% баробар шуд.

Хароҷоти буҷети давлатӣ дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 14,2 млрд сомониро ташкил дод, ки 10% (1,3 млрд сомонӣ) зиёдар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.