Оғохони IV Эмомалӣ Раҳмонро табрик кард

Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Оғохони IV бо ирсоли паёми табрикотӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрик намуд. Дар паёми табрикотӣ аз ҷумла гуфта мешавад: “Ҷаноби Олӣ, паёми саломи гарму ҷӯшон ва орзуҳои неки хешро ба муносибати ҷашни солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо Ҷаноби Олӣ, ҳукумати Шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистон иброз менамоям”. […]

Asia-Plus

Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Оғохони IV бо ирсоли паёми табрикотӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо ҷашни Истиқлоли давлатӣ табрик намуд.

Дар паёми табрикотӣ аз ҷумла гуфта мешавад:

“Ҷаноби Олӣ, паёми саломи гарму ҷӯшон ва орзуҳои неки хешро ба муносибати ҷашни солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо Ҷаноби Олӣ, ҳукумати Шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистон иброз менамоям”.

Дар барқияи табрикотии Оғохони IV садоқати Имомати Исмоилӣ ва Ташкилоти Оғохон оид ба рушд (AKDN) ба ҷонибдорӣ аз дастгирии дурандешӣ ва ҳадафҳои ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон зикр гардида, таъкид ёфтааст, ки “Шумо ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии тамоми мардуми тоҷик кӯшиш менамоед”.

“Ҳамкориҳои деринаи мо дар асоси ҳадафҳои муштараки сулҳ, субот ва беҳтар шудани сифати зиндагии Тоҷикистон ва мардуми он оғоз ёфтааст”, – гуфта мешавад дар паёми табрикотӣ.

Оғохони IV ҳамчунин изҳори умедворӣ намудааст, ки “дар ин замони чолишҳои сиёсӣ ва амниятӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ ҳамкорӣ дар рӯҳияи дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ пойдор хоҳад буд”.

Ёдовар мешавем, ки 9-уми сентябр Тоҷикистон ҷашни истиқлоли давлатиро ҷашн мегирад ва дар робита ба ин, ба унвони Президенти Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарони давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барқияҳои табрикотӣ ирсол мегарданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.