Путин ҷаласаи Шурои амният даъват кард, Зеленский суханронӣ дар G7-ро хост

Владимир Путин, президенти Русия имрӯз, 10-уми октябр, ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти кишварашро даъват карда, дар он оид ба зарбаҳои мушакии субҳи имрӯз ба шаҳрҳои бузурги Украина, аз ҷумла Киеву Днепр ва дигар иншооти муҳими ин кишвар хабар дод. Дар ин бора РИА Новостӣ хабар медиҳад. Гуфтан лозим, ки ҳамлаҳои густурдаи нерӯҳои ҳарбии Русия ба пойтахту […]

Asia-Plus

Владимир Путин, президенти Русия имрӯз, 10-уми октябр, ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти кишварашро даъват карда, дар он оид ба зарбаҳои мушакии субҳи имрӯз ба шаҳрҳои бузурги Украина, аз ҷумла Киеву Днепр ва дигар иншооти муҳими ин кишвар хабар дод. Дар ин бора РИА Новостӣ хабар медиҳад.

Гуфтан лозим, ки ҳамлаҳои густурдаи нерӯҳои ҳарбии Русия ба пойтахту шаҳрҳои бузурги Украина бо истифода аз силоҳҳои дақиқ идорашаванда як рӯз ду рӯз пас аз инфиҷор дар пули Қрим ва як рӯз пас аз таъйини фармондеҳи нави артиши Русия дар Украина сурат гирифт.

РИА Новости менависад, ки Владимир Путин дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвараш гуфтааст, "дар сурати идомаи ташкили ҳамлаҳои террористӣ, Русия посухи тунд хоҳад дод".

"Маълумоти экспертизаҳои судӣ ва дигар ташхисҳо, инчунин маълумоти оперативӣ нишон медиҳанд, ки таркиши рӯзи 8-уми октябр амали террористӣ мебошад. Ҳамлаи террористӣ ба вайрон кардани инфрасохтори муҳими шаҳрвандии Русия нигаронида шудааст. Ҳамчунин, маълум аст, ки фармоишгарон, ташкилкунандагон ва омилони он ҳамлаи террористӣ хадамоти махсуси Укроин ҳастанд”, – гуфтааст Владимир Путин.

Илова бар ин, раҳбари Русия, Укроинаро дар амалҳои террористии ҳастаӣ – тирборон кардани нерӯгоҳи Запорож ва кӯшиши тахриби нерӯгоҳи барқи атомии Курск муттаҳам кардааст.

"Хадамоти вижаи Укроина алайҳи НБА-и Курски Русия се ҳамлаи террористӣ анҷом дода, борҳо хатҳои баландшиддати ин нерӯгоҳро вайрон кард. Дар натиҷаи ҳамлаи севум якбора се хат осеб дид. Тадбирҳои андешидашуда, хисорот ҳарчи зудтар бартараф карда шуд, ягон оқибати ҷиддӣ вуҷуд надорад», – гуфт В. Путин.

Раҳбари Русия ҳамчунин дар бораи талошҳои мақомоти Украина барои тарконидани яке аз бахшҳои системаи интиқоли гази “Маҷрои туркӣ” сухан гуфт.

"Режими Киев бо чунин амалҳо худро дар радифи даҳшатноктарин гурӯҳҳои террористӣ дар як саф гузоштааст. Ин гуна ҷиноятҳоро беҷавоб мондан ғайриимкон аст", – таъкид кард В. Путин.

Путин дар поёни мулоқоташ афзуд, “агар кӯшишҳои анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар қаламрави мо идома ёбад, вокунишҳои Русия сахт ва аз ҷиҳати миқёс ба сатҳи таҳдидҳои Русия мувофиқат хоҳанд кард. Ба ин ҳеҷ кас набояд шубҳа дошта бошад", – хулоса кард президенти Русия.

Зеленский суханронӣ дар G7-ро хоҳиш намуд

Замоне, ки В. Путин ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии кишварашро даъват карда дар он суханронӣ мекард, Владимир Зеленский, президенти Украина бо Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон суҳбати телефонӣ анҷом дод ва аз ӯ хост, ки ҷаласаи фаврии роҳбарони G7 даъват карда шавад, то ӯ тавонад онҷо суханронӣ кунад.

“Мо бо Шолтс, садри аъзами Олмон, ки дар G7 раис аст, дар бораи ҷаласаи фаврии гурӯҳ мувофиқа кардем. Баромади ман ба нақша гирифта шудааст”, – навиштааст Владимир Зеленский дар Твиттери худ. Он бояд рӯзи сешанбе, 11-уми октябр, баргузор шавад.

Лукошенко аз ташкили муштараки нерӯҳои минтақавӣ хабар медиҳад

Дар ҳамин ҳол, субҳи имрӯз, 10-уми октябр, Александр Лукашено, президенти Белорус дар бораи созиш кишвараш бо Русия ҷиҳати ташкили гурӯҳи муштараки нерӯҳои минтақавӣ ба мувофиқа расиданд. Дар ин бора, телеграм-канали "Пул Первого" хабар медиҳад.

Александ Лукашенко гуфт “нерӯҳои Белорус асоси гурӯҳи минтақавии нирӯҳои Беларусу Русияро ташкил медиҳанд”, – менависад ин телеграм-канал.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 10-уми октябр шаҳрҳои бузурги Украина, аз ҷумла Киев ва Днепр зери тирборони артиши Русия қарор гирифтанд.

Дар Киев ва ҳашт минтақаи дигари Украина 11 иншооти муҳими зерсохторӣ бар асари тирборон осеб дидаанд, изҳор дошт Денис Шмигал, сарвазири ин кишвар. Вай аз шаҳрвандон даъват кард, ки ба қатъи нерӯи барқ, обтаъминкунӣ ва алоқа омода шаванд.

Кирило Тимошенко, муовини раиси дастгоҳи президенти Украина гуфт, ки иншооти барқӣ аз Лвов то Запорож, Киевшина, вилояти Хмелнитский, Днепр ва Виннитса, вилояти Франкивск, вилояти Сумӣ, вилояти Харков, вилояти Житормир ва Кировоград ҳадаф қарор гирифтаанд.

Аз ҷумла, танҳо дар вилояти Киев, нерӯҳои дифоъи ҳавоӣ шаш мушакро задаанд, аммо дар маркази барқу гармӣ зарбаҳо мушоҳида мешаванд.

Дар Киев ҳаракати қаторҳо ва метро қатъ карда шуд, ҳама истгоҳҳои метро ҳамчун паноҳгоҳ барои шаҳрвандон истифода мешаванд. Ҳоло кӯчаҳои марказии Киев бастаанд.

Бори охир Киев дар охири моҳи июн мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифта буд. Баъдан артиши Русия ба ин шаҳр 14 мушак партоб кард. Яке аз онҳо дар ноҳияи Шевченко ба бинои баландошёна бархӯрд, ки дар натиҷа як нафар ба ҳалокат расида, шаш тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Ҳамла ба Киев дар пасманзари таркиш дар пули Қрим сурат мегирад. Рӯзи 8 октябр як мошини боркаш дар пули Қрим дар гулӯгоҳи Керч таркид ва ин пул қисман хароб шуд.

Владимир Путин таркиш дар пули Қримро ҳамлаи террористӣ номид ва дар он Украинаро муттаҳам кард. Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия, гуфт, вокуниши Русия ба тарконидани пули Қрим танҳо "маҳви мустақими террористон" буда метавонад.

Пас аз таркиш дар пули Қрим аз ҷониби вазири мудофиаи Русия фармондеҳи нави нерӯҳои ҳарбии Русия дар Украина таъйин карда шуд. Ба ин вазифа генерал армия Сергей Суровикин баргузида шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.