“Барномаи фашистӣ”. Вокуниши сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба кӯчонидани иҷбории тоҷикону ӯзбекон аз Тахор

Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон кӯчонидани иҷбории тоҷикҳо ва ӯзбекҳои вилояти Тахор аз ҷониби Толибонро* “барномаи гурӯҳи фашистӣ” номид. Дар ин бора расонаи “Аamajnews” хабар медиҳад. Ҷаноби Аҳмадӣ дар саҳифаи твиттери худ навишт, ки “ин охири зулм бар бумиёни қатағанзамин аст” ва он “барномаи тарҳрезишуда ва бартариталабии Толибон” мебошад. Ин суханону тунд ва […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон кӯчонидани иҷбории тоҷикҳо ва ӯзбекҳои вилояти Тахор аз ҷониби Толибонро* “барномаи гурӯҳи фашистӣ” номид. Дар ин бора расонаи “Аamajnews” хабар медиҳад.

Ҷаноби Аҳмадӣ дар саҳифаи твиттери худ навишт, ки “ин охири зулм бар бумиёни қатағанзамин аст” ва он “барномаи тарҳрезишуда ва бартариталабии Толибон” мебошад.

Ин суханону тунд ва эътирози шадиди Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ ба кӯчонидани иҷбории тоҷикону ӯзбекон аз деҳаи Муҳоҷири вилояти Тахон ба дигар манотиқ аст. Дар ин вилоят Толибон ҳудуди 100 хонаводаи тоҷику ӯзбекро ба таври маҷбурӣ ба дигар минтақаҳо кӯчониданд.

Хабаргузории “Аamajnews” менависад, ки ҳамаи онҳое, ки  ба ҷойи тоҷикону ӯзбекон муқимӣ карда шудаанд, афроди мусаллаҳ мебошанд.

Ҳамчунин ин хабаргузори бо истинод ба як манбаъи дигар дар вулусволии Хоҷа Баҳоуддини Тахор мегӯяд, ки Толибон ба 800 хонавода дар маркази ин вулусволӣ мӯҳлат таъйин кардаанд то хонаҳояшонро тахлия ва аз ин вулусволӣ кӯч банданд.

Ба гуфтаи манбаъ ин хонаводаҳо низ тоҷиктабор ва ӯзбектабор ҳастанд.

Масъулони гуруҳи Толибон дар Тахор то кунун дар ин замина чизе нагуфтаанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар хусуси муҳоҷирати дохилии иҷборӣ дар Афғонистон қаблан низ иттилоъ дода мешуд. Сиёсатмадорони мухолифи Толибон ҳанӯз қабл аз суқути низоми ҷумҳурият дар Кобул низ бонги хатар мезаданд, ки дар шимоли Афғонистон ба таври сунъӣ афроди шубҳаангез, аз ҷумла пуштунҳои ҷануб ва покистонӣ ҷобаҷо карда мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.