Бар асари бориши зиёди барфу борон шаби гузашта дар масири роҳи Душанбе- Чаноқ, дар километрҳои 154 – 160 баландии барф зиёд гардидааст. Дар ин бора филиали ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" дар Тоҷикистон, ки нигоҳубинии ин роҳро бар ӯҳда дорад, хабар медиҳад.
“Кормандони филиали ширкат аз тамоми имкониятҳо истифода бурданд, то роҳ мунтазам аз барф тоза карда шавад. Ин кор аз субҳи барвақт давом дорад”, – афзудааст манбаъ.
Ин ширкат дар идома гуфтааст, ки бо мақсади ба амал наомадани тамбашавии воситаҳои нақлиёт баъзан маҳдудият ҷорӣ гардид ва аз ронандагону мусофирон хоҳиш кардааст, ки моҳияти онро дарк намоянд.


