Муҳоҷирон аз гирифтани шаҳрвандии Русия худдорӣ мекунанд. Бар асари ҷанг дар Украина

Asia-Plus

Ба Русия омадани муҳоҷирон ҳатто дар пасманзари қисман сафарбарсозии ҳайтаи захираҳои ҳарбӣ ба артиш дар Русия тағйир наёфт, изҳор доштааст ба “Известия” роҳбари Маркази таҳқиқоти таҳлилӣ ва амалии равандаҳои муҳоҷират Вячеслав Поставнин.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи вай, шаҳрвандони хориҷиии муқими Русия бо доштани Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) ё Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) қаноат карда, ҷараёни гирифтани шиносномаро ба вақти дигар мегузоранд.

“Мисли пешина шаҳрвандони Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон дар Русия кору зиндагӣ кардан мехоҳанд. Инчунин шаҳрвандони Озарбойҷону Арманистон ва Украинаву Молдова низ. Зеро дар ин ҷойҳо бахусус дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷойҳои корӣ зиёд нашуда, рӯзгорашон ҳам беҳбудӣ наёфтааст. Дар Русия бошад, шуғлу сатҳи баланди маош боқӣ монд”, – иброз доштааст ӯ.

Ба ақидаи Поставнин, дар робита ба маъракаи қисман сафарбарӣ ба амалиёти низомии махсус танҳо рафтори касоне, ки мехостанд шаҳрвандии Русияро ба даст оранд, тағйир ёфтааст.

“Пеш аз ҳама, сухан дар бораи шаҳрвандони он кишварҳое меравад, ки раҳбарияти онҳо иштироки шаҳрвандони худро дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави Украина, ҳатто то ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидан барои ин кор манъ кард. Бахусус, ин ба шаҳрвандони Тоҷикистон дахл дорад”, – гуфтааст коршинос.

Номбурда зикр кардааст, ки чунин тамоиле вуҷуд дорад, ки хориҷиён ҷараёни гирифтани шиносномаро мутаваққиф карда, бо доштани Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) ё Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) қаноат мекунанд.

“Бо ин ҳуҷҷатҳо кору зиндагӣ кардан мумкин аст. Занони хориҷӣ, ки ба маъракаи қисман сафарбарӣ ба артиш ҷалб намешаванд, мисли пешин ба корашон ва гирифтани шиносномаи Русия идома медиҳанд”, – илова намудааст Вячеслав Поставнин.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...