“Беморӣ кӯдаконро беҳол кардааст”. Зуком ё вирус?

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Беш аз як ҳафта мешавад, ки бемории зуком байни кӯдакон ва наврасон зиёд ба назар мерасад ва инро волидон низ дар суҳбат ба «Азия-Плюс» тасдиқ намуданд. Ба нақли онҳо, дар гузашта бемории зуком байни кӯдакон ба ин ҳад шадид нагузашта буд.

Мавзуна, як сокини шаҳри Душанбе, ки кӯдаки хурдсол дорад, аз ҳарорати баланди кӯдакаш дар ташвиш буда, чанд маротиба ба табибон муроҷиат кардааст.

“Ин беморӣ кӯдаконро бе ҳол намудааст ва онҳо аз дарди тамоми узви бадан шикоят мекунанд. Пас аз бемории коронавирус кас ба ҳар гуна беморӣ бо ҳарос бархӯрд мекунад”, – мегӯяд Мавзуна.

Мавзуна танҳо модаре нест, ки аз барои табобати фарзанди худ ба табибон муроҷиат мекунад. Мисли ӯ чандин волидон дар дигар минтақаҳои кишвар низ аз ҳарорати баланду сулфаи зиёди фарзандонашон ба ташвиш афтодаву ба назди табибон мераванд.

Зуком ё вирус?

Шиддати беморӣ ва ҳолати вазнини кӯдакон сокинонро ба ин андеша водор кардааст, ки шояд ин намуди номаълуми вирус бошад, чун бемории зуком ба ин ҳад кӯдаконро афгор намекунад ва зудгузар аст.

Аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” пайдоиш ва паҳншавии вирусро рад карда, гуфтанд, ки ин бемории зуком буда, он мавсимӣ аст.

“Бо фарорасии фасли сармо бемории мавсимии зуком ҳамасола ба қайд гирифта мешавад. Волидон нигарон набошанд, чун дар кишвар дигар бемории сироятие ба қайд гирифта нашудааст. Танҳо бо омадани фасли сард фарзандони худро эҳтиёт намоянд ва ба тавсияи табибон гӯш диҳанд”, – иброз намуданд аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.

Тавсия табиб

Шуҳрат Шомаҳмадов, сироятшиноси кӯдаконаи Муассисаи давлатии беморхонаи клиникии бемориҳои сироятии кӯдакона кишвар низ мегӯяд, ҳоло мавсими бемориҳои сирятӣ ба монанди зуком ва зарпарвин мебошад, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта мешавад.

“Новобаста аз он, ки беморӣ мавсимӣ аст, волидон бояд ба худтабобаткунии кӯдакон машғул нашаванд. Онҳо бояд қоидаҳои тозагиро риоя карда, тавсияҳои табибонро роия намоянд”, – мегӯяд Шуҳрат Шомаҳмадов.

Инак чанд тавсияи табиб барои хонандагон пешниҳод мегардад:

-ба кӯдак мутобиқ ба ҳаво бояд либос пӯшонд. Яъне либосе бояд пӯшонд, ки кӯдак хунук нахӯрад ва ҳамчунин, он чандон ғафс набояд бошад, то бадани кӯдак арақ накунад. Вақте бадани кӯдак арақ мекунад, ҳангоми кашидани либос ӯ метавонад сармо хӯрад;

-аз сайругашт дар ҷойҳои серодам худдорӣ бояд кард, чун дар ин ҳолат эҳтимоли сироятёбӣ ба бемориҳои гуногуни сироятӣ зиёд аст;

-вақте аз берун вориди хона шудан, ҳатман дастонро бо собун шустан лозим аст. Димоғи худро бо намакоб шустан низ ба манфиат аст;

-истеъмоли меваҳои тару тоза ва витаминҳои махсус (бо тавсияи табиб) барои баланд бардоштани масъунияти бадан муфид аст;

-бе тавсияи табиб аз истеъмоли ҳар гуна дору худдорӣ бояд намуд.

Дар баробари ин тавсияҳо, Шуҳрат Шомамадов таъкид кард, ки мунтазам иваз намудани ҳавои ҳуҷра ва тоза кардани чангу ғубори хона низ бисёр муҳим аст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...