Чор кишвар барои барқарор кардани Бозиҳои Осиёи Марказӣ розӣ шуданд

Кумитаҳои миллии олимпии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон масъалаи барқарор намудани Бозиҳои Осиёи Марказиро баррасӣ карданд, хабар дода мешавад дар сомонаи расмии КМО Қазоқистон. Ин гуфтушунид дар ҷараёни кори Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи Кумитаҳои миллии олимпӣ дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд. Ҷонибҳо оид ба таҳияи муштараки барномаи варзишӣ, инчунин дубора барқарор намудани Бозиҳо дар давоми ду […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Кумитаҳои миллии олимпии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон масъалаи барқарор намудани Бозиҳои Осиёи Марказиро баррасӣ карданд, хабар дода мешавад дар сомонаи расмии КМО Қазоқистон.

Ин гуфтушунид дар ҷараёни кори Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи Кумитаҳои миллии олимпӣ дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд.

Ҷонибҳо оид ба таҳияи муштараки барномаи варзишӣ, инчунин дубора барқарор намудани Бозиҳо дар давоми ду соли оянда ба тавофуқ расиданд. Кишвар ва рӯзҳои баргузории Бозиҳо баъдан муайян карда мешаванд.

Ғайр аз ин, байни ҷонибҳо дар бораи таҳияи механизмҳо барои беҳбуди омодагиҳои инфиродӣ ва муштараки кишварҳо дар соли 2023, ки марҳилаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-20234 мебошад, созиш ҳосил шуд. Ба ин хотир, ҷонибҳо истифодаи иншооти варзишии Осиёи Марказиро бо шартҳои мутақобилан судманд мувофиқи мақсад донистанд.

Аз соли 2015 раёсат дар Шӯрои олимпии Осиёро Қазоқистон бар дӯш дорад. Тибқи тақсимоти Шӯрои олимпии Осёи ба минтақа ҳафт кишвар шомиланд: Қазоқистон, Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон.

Бозиҳои Осиёи Марказӣ зери сарпарастии Кумитаи байнулмилалии олимпӣ гузаронида мешаванд.

Қобили зикр аст, ки аввалин Бозиҳои Осиёи Марказӣ моҳи сентябри соли 1995 дар Тошканд (Ӯзбекистон) доир гардиданд. Соли 1997 Бозиҳоро Алмато (Қазоқистон) ва соли 1999 – Бишкек (Қирғизистон) пазиройӣ карданд. Соли 2001 Ашқобод (Туркманистон) қабули Бозиҳоро рад кард. Соли 2003 Бозиҳо дар Душанбе (Тоҷикистон) баргузор шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.