Диплом ва ҷоизаи устои читгари тоҷик дар Ҷашнвораи байнулмилалии атлас

Рӯзҳои 20-22 октябр дар шаҳри Марғелони Ӯзбекистон Ҷашнвораи 5-уми байнулмилалии нассоҷии анъанавии “Атлас байрами” (ҷвашнвораи атлас) доир гардид, хабар дода мешавад дар саҳифаи тамғаи Buta.tj дар Facebook. Дар ин чорабинӣ ҳайати беш аз 20 кишвар, аз ҷумла ҳунармандону косибони Тоҷикистон ширкат варзиданд. Кишвари моро дар он 19 нафар, аз ҷумла адрасу атласбофон, читгарон, сӯзанидӯзон, намояндагони […]

Рӯзҳои 20-22 октябр дар шаҳри Марғелони Ӯзбекистон Ҷашнвораи 5-уми байнулмилалии нассоҷии анъанавии “Атлас байрами” (ҷвашнвораи атлас) доир гардид, хабар дода мешавад дар саҳифаи тамғаи Buta.tj дар Facebook. Дар ин чорабинӣ ҳайати беш аз 20 кишвар, аз ҷумла ҳунармандону косибони Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Кишвари моро дар он 19 нафар, аз ҷумла адрасу атласбофон, читгарон, сӯзанидӯзон, намояндагони саноати пиллапарварӣ ва тарроҳони либоси атласу адрас намояндагӣ карданд. Устои читгари тоҷик Мирамин Саидов барои эҳёи анъанаҳои ҳунари читгарии тоҷик бо диплом ва ҷоиза сарфароз гардид.

Ҷашнвораи “Атлас байрами” аз ҷониби ҳокимияти вилояти Фарғона, шаҳрдории Марғелон, намояндагии ЮНЕСКО дар Тошканд, Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Ӯзбекистон, Иттиҳодияи ҳунарии “Ҳунарманд” ва дигарон роҳандозӣ шуд.

Дар кори ҷашнвора намояндагони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Малайзия, Ҳиндустон, Туркия, Таиланд, Бангладеш, Индонезия, ИМА, Латвия, Муғулистон, Италия ва дигар кишварҳо иштирок карданд.

Дар доираи чорабинӣ намоишгоҳи маҳсули кори дастии ҳунармандону косибон, намоиши мӯд, конфронси илмӣ-амалӣ ва миёни намояндагони Тоҷикистону Ӯзбекистон вохӯриҳои дуҷониба баргузор шуданд. Ҳамчунин дар Марғелон Осорхонаи таърихӣ боз шуда, дар он маснуоти кори дастии ҳунармандону косибони саросари дунё ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Ҳадаф аз баргузории ҷашнвора ҳифз ва тарғиби мероси фарҳангии ғайримоддӣ дар соҳаи нассоҷии анъанавии ӯзбек, инчунин беҳтар намудани сифат ва тарҳрезии ҳунарҳои мардумӣ дар тамоми соҳаҳои нассоҷии Ӯзбекистон, аз пахта то матоъҳои абрешимӣ, қолин, гулдӯзӣ ва тарроҳии либос мебошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.