Ҷанги Русияву Украина ва кӯдакони тоҷик. Эҳтимол сафи камбизоатон 1,3 дарсад афзоиш ёбад

Ин ниҳод афзудааст, 0,5 дарсади аҳолӣ низ ба камбизоатӣ рӯбарӯ мешаванд. Дар натиҷаи ҷанги Русия ва Украина, эҳтимол аст 1,3 дарсади кӯдакони тоҷик ва 0,5 дарсади калонсолон бо камбизоатӣ рӯбарӯ шаванд. Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) дар як гузориши вижаи худ таъсири ҷанги Русия ва Укроинро ба кӯдакони Аврупои шарқӣ ва Осиёи Миёна таҳқиқ карда, натиҷаашро […]

Ин ниҳод афзудааст, 0,5 дарсади аҳолӣ низ ба камбизоатӣ рӯбарӯ мешаванд.

Дар натиҷаи ҷанги Русия ва Украина, эҳтимол аст 1,3 дарсади кӯдакони тоҷик ва 0,5 дарсади калонсолон бо камбизоатӣ рӯбарӯ шаванд.

Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) дар як гузориши вижаи худ таъсири ҷанги Русия ва Укроинро ба кӯдакони Аврупои шарқӣ ва Осиёи Миёна таҳқиқ карда, натиҷаашро нашр кардаанд.

Таҳиякунандагони ин гузориш гуфтаанд, ки дар натиҷаи ин ҷанг, эҳтимол беш аз 75 ҳазор нафар аз Тоҷикистон иловатан ба сафи камбизоатон ворид шаванд.

Онҳо афзудаанд, ки ҳамин тариқ, беш аз 50 ҳазор кӯдак иловатан ба камбизоатӣ рӯбарӯ шуда, фавти кӯдакони навзод 169 нафар зиёд мешавад.

“Эҳтимол аст, 4 ҳазору 844 кӯдак бо илова ба онҳое, ки ҳоло мактаб намераванд, аз сабаби камбизоатӣ ба таҳсил фаро гирифта намешаванд”,- омадааст дар гузориши ин созмон.

Онҳо гуфтаанд, то соли 2021 дар Тоҷикистон 4 млн 166 ҳазор кӯдаки то 17 сола зиндагӣ мекунанд, ки 41,9 дарсади аҳолиро ташкил медиҳад. Кӯдакони то 1-сола бошад, 255 ҳазор нафар будаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.