Тағйирот дар ҳайати мушовараи вазорату идораҳо. Онҳо кистанд ва чӣ кор мекунанд?

Date:

Чанде пештар Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо судури фармони хос ҳайати мушовараи бархе аз вазорату идораҳои Тоҷикистонро иваз кард. Вазифаи ҳайати мушовара дар вазорату идораҳо чист ва онҳо чӣ кор мекунанд? “Азия-Плсю” кушиш кард, шарҳ диҳад.

Аз Вазорати молия то Оҷонсии зиддифасод. Тағйирот дар ҳайати мушовараи вазорату идораҳо

Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як фармон дар ҳайати мушовараи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ тағйирот ворид кард.

Тавре хабар дода мешавад, Фирӯз Камолзода, сардори раёсати кадрҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Баҳром Баҳромзода, сардори раёсати таҳлили иттилоот ва омори оҷонсии мазкур узви ҳайати мушовараи ин ниҳод таъйин гардиданд.

Нафари нави сеюм дар ҳайати мушовараи агентӣ, Саидмумин Раҷабзода мебошад, ки роҳбарии шуъбаи ташкили кору назорат дар ин ниҳодро ба уҳда дорад.

Бо фармони президент, Ғанизода Холмурод Сафар, Муҳаммадзода Ҷамолиддин Муҳаммад ва Додоҷонзода Умедҷон Муҳиддин аз ҳайати мушовараи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хориҷ карда шуданд.

Ҳамчунин, чанд рӯз пештар дар ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилии кишвар низ тағйирот ворид гардид. Аз ҷумла, Холмурод Ҷабборзода, роҳбарии Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД узви нави ҳайати мушовараи ВКД таъйин шуд.

Бар асоси як қарор аз ҳайати мушовараи ин ниҳод 2 генерал- Шариф Назарзода, сардори раёсати умури дохилии ВМКБ ва Карим Солиев сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД хориҷ гардиданд.

Ҳудуди ду ҳафта пештар, дар ҳайати мушовараи Вазорати молияи кишвар низ тағйирот ворид гардида буд.

Аз ҷумла, Саидзода Дилшод Мурод ба ҳайси узви нави ҳайати мушовараи Вазорати молияи ҶТ таъйин гардид. Дилшод Саидзодаи 32-сола, писари генерал Мурод Саидов мебошад, ки тайи қариб 30 соли охир муҳофизи асосии Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар баробари Саидзода ҳамчунин Азимӣ Заъфарӣ ва Завқибек Шодиён аъзои нави ҳайати мушовараи Вазорати молия таъйин шудаанд.

Дар зимн бо қарори ҳукумат, аз ҳайати мушовараи Вазорати молияи Тоҷикистон Назулло Абибуллоев, Файзалӣ Сафаров ва Афғонов Темуралӣ берун карда шуданд.

Вазифаи ҳайати мушовара аз чӣ  иборат аст?

Аслан ҳайати мушовара, тавре аз номи он бармеояд, сохтори машваратӣ аст ва он  дар тамоми мақомоти давлатӣ амал мекунад. Роҳбарии ҳайати мушовараро умдатан сардори ниҳод ба зимма дошта, ҳайати он дар бештар маврид аз муовинону баъзе сардорони раёсатҳо, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва мутахассисон ё мақомдорони соҳавӣ аз дигар мақомот таркиб меёбад.

Нафароне, ки шомили ҳайати мушовара мешаванд, аслан барои рушд ва идораи як соҳа фаъолият мекунанд ва ҳамин тавр, донандаи ҳамон бахш ҳастанд. Яъне онҳо мутахассиси бахше ҳастанд, ки барои рушд ё идораи он ҳайати мушовара ташкил шудааст.

Вазифаи он таҳлили фаъолияти сохтори алоҳида, вазифагузорӣ барои солҳои минбаъда ё таҳлилу баррасӣ ва нақшакашии фаъолияти бахши мушаххас ё тарҳи муайян мебошад. Пешниҳоду вазифагузориҳои ин ҳайат бештар хусусияти тавсиявӣ дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...