Ҳалокати духтари 16-сола ҳангоми чорвочаронӣ дар Панҷакент

Як сокини 16-солаи деҳаи Бадгаи ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷекат ҳангоми чорвочаронӣ аз баландии тахминан 80 метр ба зер афтода, ба ҳалокат расидааст, хабар медиҳад КҲФ ҶТ. Гуфта мешавад ин ҳодиса баъд аз зуҳри рӯзи якшанбе, 23 октябр рух додааст. "Сабаби сарозер шудани духтари 16-сола дақиқ маълум нест. Ҷасади ӯро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайдо […]

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Як сокини 16-солаи деҳаи Бадгаи ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷекат ҳангоми чорвочаронӣ аз баландии тахминан 80 метр ба зер афтода, ба ҳалокат расидааст, хабар медиҳад КҲФ ҶТ.

Гуфта мешавад ин ҳодиса баъд аз зуҳри рӯзи якшанбе, 23 октябр рух додааст.

"Сабаби сарозер шудани духтари 16-сола дақиқ маълум нест. Ҷасади ӯро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайдо карданд", – афзудааст манбаъ.

Кумитаи ҳоатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки дар рӯзҳои боронӣ ва умуман дар остонаи фасли сард бояд кӯдакону наврасонро эҳтиёт намуд ва танҳо ба чорвочаронӣ, ғунучини ҳезуму алаф ва гиёҳҳои доруворӣ фиристодани ноболиғон хатар ба ҷони онҳо дорад.

Кумита танҳо фиристодани як духтари ҷавон барои чорвочаронӣ ба кӯҳро, бемасъулиятӣ унвон кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.