Ӯзбекистон истеҳсоли ҳавопаймои бесарнишин бо Эронро рад кард

Asia-Plus

Кумитаи давлатии саноати дифоъи Ӯзбекистон хабарҳо оид ба васлу насби бесарнишинҳои Эрон дар қаламрави худро рад кард. Дар ин бора хабаргузории Podrobno.uz. хабар медиҳад.

Қаблан ровии телевизиони Украина Дмитрий Гордон, иддао карда буд, ки бесарнишинҳои Эрон, ки гуфта мешавад дар муноқишаи низомии Русияву Украина истифода мешавад, дар қаламрави Ӯзбекистон васлу насб мегардад.

"Ӯзбекистон дар якҷоягӣ бо шарикони эронӣ силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ тавлид намекунад ва тавлид накардааст", – таъкид кардааст Кумитаи давлатии саноати дифоъ.

Ин ниҳод гуфтааст, ки нашри ин гуна маълумоти тасдиқнашуда ба ҷомеа маълумоти нодуруст мерасонад ва метавонад ба равобити дӯстонаи Ӯзбекистон ва кишварҳои хориҷӣ осеб расонад.

Гуфтан ба маврид аст, ки Дмитрий Гордон Ӯзбекистонро дар тавлиди ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ барои Русия муттаҳам карда буд. Ӯ ин иддаои худро дар ҷараёни сӯҳбати худ бо миллиардери исроилӣ Леонид Невзлин баён дошт.

Баъдан ба ӯ раҳбари ҳизби “Миллий тикланиш”-и Ӯзбекистон Алишер Қодиров посух дод ва гуфт, ки вазорати корҳои хориҷӣ ва вазорати дифоъ бояд ин ровии украиниро барои узр пурсидан водор намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...