Оғози имтиҳонҳои озмоишӣ барои хатмкунандагони мактабҳои Тоҷикистон

Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон ба баргузории имтиҳонҳои озмоишӣ барои хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти марказ. Аввалин имтиҳонҳои озмоишии имсола дар мактабҳои №№12, 16, 48, 31, 97-и шаҳри Панҷакент бо фарогирии 240 нафар хатмкунанда гузаронида шуд. Гуфта мешавад, баргузории имтиҳонҳои озмоишӣ барои муайян кардани сатҳи дониши хатмкунандагони мактабҳо […]

Asia-Plus

Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон ба баргузории имтиҳонҳои озмоишӣ барои хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти марказ.

Аввалин имтиҳонҳои озмоишии имсола дар мактабҳои №№12, 16, 48, 31, 97-и шаҳри Панҷакент бо фарогирии 240 нафар хатмкунанда гузаронида шуд.

Гуфта мешавад, баргузории имтиҳонҳои озмоишӣ барои муайян кардани сатҳи дониши хатмкунандагони мактабҳо аз рӯи фанҳои имтиҳонӣ ва баланд бардоштани масъулияти хатмкунандагон барои супоридани имтиҳонҳо ба роҳ монда шудааст.

Дар ҷараёни он хатмкунандагон бо тарҳи маҷмуи фанҳои имтиҳонӣ ва таркиби саволу масъалаҳои тест шинос шуда метавонанд. Шакли электронии китобчаҳои тестии имтиҳонҳои озмоишӣ ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар ирсол шудааст.

Тибқи нақшаи марказ, имтиҳонҳои озмоишӣ дар дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ низ гузаронида мешаванд.

Марказ тасмим гирифтааст, ки имтиҳонҳои озмоиширо аз 22-юми октябр то 20-уми декабри соли 2022 дар зиёда аз 300 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ бо хатмкунандагон баргузор намояд.

Дар сомонаи расмии Марказ низ шакли электронии тарҳи нави маҷмуи китобчаҳои тестии имтиҳонҳои озмоишӣ гузошта шудааст, то ки хатмкунандагон бо он мустақилона шиносоӣ пайдо кунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.