Мидакс – доруи табобатӣ ё хатари нави маргбор миёни ҷавонон?

Дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” Алишер Розиқов, равонпизишк (психиатр)-наркологи Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи М. Ғ. Ғуломов доир ба чӣ гуна дору будани Тропикамид (Мидакс) ва хатарҳои он изҳори назар кард. – Дар Тоҷикистон байни ҷавонон падидаи нав, яъне “кайф кардан” аз истифодаи қатраҳои доруи чашм маъмул шудааст. Дору Тропикамид (Мидакс) ном дорад. Таъсири он […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” Алишер Розиқов, равонпизишк (психиатр)-наркологи Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи М. Ғ. Ғуломов доир ба чӣ гуна дору будани Тропикамид (Мидакс) ва хатарҳои он изҳори назар кард.

– Дар Тоҷикистон байни ҷавонон падидаи нав, яъне “кайф кардан” аз истифодаи қатраҳои доруи чашм маъмул шудааст. Дору Тропикамид (Мидакс) ном дорад. Таъсири он чӣ гуна аст?

– Мидакс Тропикамид, қатраҳои доруи чашм аст, ки барои табобати бемориҳои илтиҳобӣ ва ташхиси умқи чашм истифода мешаванд. Механизми амалаш дар он ифода меёбад, ки гавҳараки чашмро васеъ мекунад. Тропикамид инчунин дар табобати як қатор бемориҳои илтиҳобӣ бомуваффақият истифода мешавад.

Лекин мутаассифона, ин дору дар байни истеъмолгарони маводи нашъаовар низ мавриди истифода қарор гирифтааст. Онҳо роҳу воситаҳои нави сархуш шуданро ҷустуҷӯ мекунанд.

– Он чӣ тавр ба сифати маводи нашъаовар истифода мешавад? Воя (доза)-и он зиёд карда мешавад ё онро бо дигар мавод омехта мекунанд?

– Шахсоне, ки Тропикамид истеъмол мекунанд, ивазкунандаи доруи вазнинтарро меҷӯянд. Аммо нашъамандоне ҳам ҳастанд, ки бо истеъмоли мидакс таъсири доруҳои фаъолкунандаи рӯҳияро пурзӯр кардан мехоҳанд.

Нашъамандони навкор Тропикамидро тавассути бинӣ, бо нафаскашии маҳлули моеъи доруворӣ истеъмол мекунанд. Барои “кайф” кардан, зиёд кардани воя (доза)-и он лозим меояд, ки марговар аст. Дигар нашъамандон онро ба дохили рагашон ворид мекунанд.

Бино ба маълумоти омори ҷаҳонӣ, шахсони истеъмолкунандаи Тропикамид ба сиафати маводи мухаддир базӯр чанд сол зиндагӣ мекунанд ва аз бемориҳои дил, шуш ва майнаи сар мемиранд.

-Вақте нашъамандон ин доруро барои пурзӯр кардани таъсири дигар маводи нашъаовар истифода мебаранд, чӣ ҳолат ба амал меояд?

– Ҳолати мастиву сархушӣ, камфаъолиятии шуур, низоми ҳаракат ва ҳарф задан. Вақте ки шахс доруро тариқи рагҳояш ба хун ва мушакҳо ворид мекунад, вазнашро гум мекунад, иштиҳояш кам мешавад, нобиноӣ инкишоф меёбад.

Тропикамид иловатан ба фарсудашавии босуръати даричаҳо (клапанҳо)-и дил боис мегардад. Дигар бемориҳои аз ин пайдошуда марговаранд. Мушкилоти миокард яке аз сабабҳои асосии марги нашъамандон мебошад.

Дар сурати истеъмоли Тропикамид тариқи ворид кардани он ба рагҳои хунгард шахс дар ду сол мемирад.

Инчунин, аз истифодаи Тропикамид ҳолатҳое чун ваҳм доштан, гумроҳӣ, изтироб ба вуҷуд меояд. Бемориҳо метавонанд пас аз даст кашидан аз истеъмоли он вазнинтар шаванд. Аломатҳои зиёде мавҷуданд. Дар ниҳоят шахс ҳалок мешавад.

– Оё ин доруро дар дорухона бе дорухат (ретсепт)-и табиб ва бидуни монеъа харидан мумкин аст?

– Ин дору набояд бидуни таъин ва дорухати табиб фурӯхта шавад.

– Аломатҳои аввали истифодаи мидакс кадомҳоянд? Волидайн аз куҷо фаҳмида метавонанд, ки фарзанди онҳо зери таъсири ин ё дигар маводи мухаддир қарор дорад?

– Тавре ки дар боло зикр кардам, гавҳараки чашм васеъ ва иштиҳо гум мешавад, пӯст ранги зардча пайдо мекунад, рагкашиҳову асабӣ шудан ба амал меояд.

Ғайр аз ин, дигар таъсироти ҷиддӣ низ пайдо мешаванд: муҳофизати системаи масуният коҳиш меёбад, эҳтимолияти инкишофи сироятҳои шадид меафзояд, сиррози ҷигар ба амал меояд, ба кори мушакҳои дил таъсир мерасонад ва аритмия оғоз меёбад.

Мехоҳам ба падару модарон маслиҳат диҳам, ки бо фарзандони худ бештар дар мавзӯъҳои гуногун, бахусус мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи онҳо суҳбат кунанд. Агар ба фарзандатон хатари ба нашъамандӣ гирифтор шудан вуҷуд дошта бошад, бояд фавран тамоми чораҳоро зидди он  биандешед. Барои фарзандатон дӯсти ҳақиқӣ бошед, агар ӯ аллакай бо маводи мухаддир мушкилӣ дошта бошад, дар қабули қарор ба вай ёрӣ расонед, ӯро бовар кунонед, ки барои кӯмак муроҷиат намояд.

Барои тоза кардани узвҳои ҳозима ва организм аз моддаҳои заҳролуд ҳатман ба маркази тиббӣ муроҷиат кунед.

Чӣ қадаре ки барвақттар аломатҳои истеъмоли маводи нашъаовар аён шаванд, ҳамон қадр тезтар метавон тадбирҳои зарурӣ рӯйи даст гирифт.

– Дар таҷрибаи кории шумо чунин ҳолатҳо ҷой доштанд? Тез-тез бо онҳо дучор мешавед?

– Бале, байни нашъамандон чунин ҳолатҳо ҷой доранд, лекин миёни онҳо наврасон нестанд. Ба мо асосан шахсони синни аз 18-сола боло муроҷиат мекунанд.

Бори дигар хотиррасон кардан мехоҳам, ки таъсири ин дору ҳам ба мисли маводи мухаддир аст, ҳарчанд ба гурӯҳи доруҳои афюн мансуб нест.

Тропикамид ҳолати душворӣ дар вақти набудани маводи нашъаовар (ломка)-ро осон мекунад. Ин ҷо ҳам шахс сархуш мешаваду “кайф” мекунад. Ин дору бештар дастрас буда, нашъамандоне, ки барои харидани героин пул надоранд, ба истеъмоли он мегузаранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.