Дар як моҳ нақшаи даъвати ҳарбӣ 70% иҷро шудааст

Вазорати дифои Тоҷикистон бо гузашти як моҳи маъракаи даъвати ҳарбӣ хабар дод, ки нақшаи даъвати ҳарбӣ ба сафаи Қувваҳои мусаллаҳ дар кишвар 70 дарсад иҷро шудааст. Ин ниҳод гуфт, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ давоми як моҳ нақшаи давъати ҳарбиро 77 дарсад,  вилояти Хатлон 70 дарсад, вилояти Суғд 60 дарсад ва шаҳри Душанбе 80 дарсад иҷро […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Вазорати дифои Тоҷикистон бо гузашти як моҳи маъракаи даъвати ҳарбӣ хабар дод, ки нақшаи даъвати ҳарбӣ ба сафаи Қувваҳои мусаллаҳ дар кишвар 70 дарсад иҷро шудааст.

Ин ниҳод гуфт, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ давоми як моҳ нақшаи давъати ҳарбиро 77 дарсад,  вилояти Хатлон 70 дарсад, вилояти Суғд 60 дарсад ва шаҳри Душанбе 80 дарсад иҷро кардаанд.

ВМКБ дар рӯзи якуми давъати ҳарбӣ нақшаро пурра иҷро карда буд.

Қаблан, ин ниҳод гуфта буд, ки то 20-уми котябр зиёда аз 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ нақшаи даъвати ҳарбиро 100 дарсад иҷро намудаанд.

“Масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ бисёр фаъол буда, аз маҷмӯи 13 шаҳру ноҳияҳои он қисми зиёдашон иҷрои нақшаро аллакай дар даҳрӯзаи аввали  ин чорабинии муҳими сиёсӣ ба итмом расонидаанд”, – гуфтааст Вазорати дифоъ.

Қаблан, вазорати дифоъ хабар дода буд, ки дар 10 рӯзи ҷараёни давъати ҳарбӣ нақша беш аз 50 дарсад ва дар 20 рӯзи маъракаи даъват нақша 62 дарсад иҷро шудааст.

Мақомот иҷрои нақшаи барвақтии даъват ба артишро ба афзоиши ихтиёриён ба сафаи Қувваҳои мусаллаҳ, пешниҳоди имтиёзҳо ба даъватшавандагон ва дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар арафаи маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ арзёбӣ мекунанд.

Коршиносон мегӯянд, бамаротиб кам будани теъдоди даъватшавандагон дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳо ва барвақттар оғоз намудани маъракаи даъват аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ сабаби аслии бармаҳал иҷро шудани нақша мебошад.

То 70 дарсад иҷро шудани нақшаи даъвати ҳарбӣ дар кишвар дар ҳолест, ки қабл аз оғози мавсими даъвати тирамоҳӣ ба сафи артиш, вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо ба зердастони худ муроҷиат карда, таъкид намуд, ки аз даъвати иҷборӣ худдорӣ кунанд ва бештар фарзандони мансабдоронро ба сафи артиш ҷалб намоянд.

Ҳамасола, бо шурӯъи даъвати ҳарбӣ навори боздошт ва иҷборан ба артиш бурдани ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр мешавад, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд.

Зимнан бо шурӯъи маъаракаи даъвати ҳарбӣ шеваҳои нави  “ҷалб”-и ҷавонон ба артиш мӯд мешавад. Аз ҷумла, Радиои Озодӣ имсол аз шеваи нави даъват хабар додааст, ки мақомот бо талаби баргардондани фарзандонашон аз хориҷа ва фиристодани онҳо ба артиш сими барқи чанд хонаро бурида, ба дари масҷидҳо қуфл задаанд. Ин ҳодиса дар маҳаллаи Дилбарӣ дар ҳудуди ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Кушониён рух додааст.

Мақомот ҳар сол аз афзудани сафи ихтиёриён суҳбат мекунанд ва ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз ёфта, он то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ бошад, аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, дар охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.