Конибодом: Ҳалокати ду нафар ҳангоми тахриби бино

Ду сокини ноҳияи Бобоҷон  Ғафуров хангоми тахриби бино зери девори он монда, ба ҳалокат расидаанд. Ҳодиса як рӯз пеш дар шаҳри Конибодом рух додааст. Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандиӣ, ин ду нафар, ки яке 43 ва дуюмӣ 35 сол доштанд, сокинони ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуроф буда, дар шаҳри Конибодом […]

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Ду сокини ноҳияи Бобоҷон  Ғафуров хангоми тахриби бино зери девори он монда, ба ҳалокат расидаанд. Ҳодиса як рӯз пеш дар шаҳри Конибодом рух додааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандиӣ, ин ду нафар, ки яке 43 ва дуюмӣ 35 сол доштанд, сокинони ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуроф буда, дар шаҳри Конибодом ба ҳайси коргари кироя фаъолият доштанд.

Биное, ки ин ду нафар зери девори он мондаанд ба ҶДММ “Асрор” тааллуқ дошта, он қаблан корхонаи тавлиди равған будааст.

Ҳоло мақомот сабаби ин ҳодиса дақиқ карда мешавад. Бино ба фарзияи пешакӣ, яке аз сабабҳои асоси метавонад “риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми иҷрои кор” бошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.