Андовачӣ ва мергани моҳир. Тоҷики дар амалиёти вижаи Русия дар Украина кушташуда кӣ буд?

Asia-Plus

Дирӯз, 7-уми ноябр, дар шаҳри Тамбови Русия Руслан Муллохолов, тоҷики дар амалиёти вижаи Русия дар Украина кушташударо ба хок супоридаанд. Дар ин бора пойгоҳи “tvolk.ru” иттилоъ медиҳад.

Ин ҷавони тоҷики шаҳрванди Русия, 24 сентябри соли расон дар наздикии шаҳри Купянски вилояти Харков ҷароҳати вазнин бардошта, ба ҳалокат расидааст.

Ба навиштаи ин пойгоҳ Руслан Муллохолов соли 1990 дар Тоҷикистон таваллуд шуда, соли 1999 бо оилааш ба Расказово кӯчидааст. Мактаби миёнаро дар ин ноҳия хонда, пас аз хатми синфи 9-уми дар омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ бо ихтисоси андовачӣ-рангуборчӣ таҳсил намудааст.

“Пас аз хатми хидмат дар сафи артиши Русия ӯ тавассути шартнома хидмати ҳарбиро ба ҳайси мерган дар ҳайъати нерӯҳои вижа дар шаҳри Тамбов идома медиҳад. Сержанти хурди гвардия Руслан Муллохолов на як бору ду бор барои иштирок дар амалиёти махсус ба сафари хидматӣ рафтааст”, – менависад ин пойгоҳ.

Руслан Муллохолов бо духтари русе оила бунёд карда, соҳиби духтарчаи 2,5-сола будааст.

Бино ба иттилои пойгоҳи зикршуда, Руслан Муллохолов бо медали “Барои бозгашти Қрим”, “Иштирокчии амалиёти ҷангӣ дар Сурия”, “Барои ҷасорати ҳарбӣ”, медали Суворов ва медали «Барои шуҷоат» қадрдонӣ гардидааст.

Қаблан оид ба кушта шудани тоҷике дар Украина дар шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ маълумот интишор шуда буд, аммо дар хусуси Руслан Муллохолов маълумоти муфассал пешниҳод намегардид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...