Андовачӣ ва мергани моҳир. Тоҷики дар амалиёти вижаи Русия дар Украина кушташуда кӣ буд?

Дирӯз, 7-уми ноябр, дар шаҳри Тамбови Русия Руслан Муллохолов, тоҷики дар амалиёти вижаи Русия дар Украина кушташударо ба хок супоридаанд. Дар ин бора пойгоҳи “tvolk.ru” иттилоъ медиҳад. Ин ҷавони тоҷики шаҳрванди Русия, 24 сентябри соли расон дар наздикии шаҳри Купянски вилояти Харков ҷароҳати вазнин бардошта, ба ҳалокат расидааст. Ба навиштаи ин пойгоҳ Руслан Муллохолов соли […]

Дирӯз, 7-уми ноябр, дар шаҳри Тамбови Русия Руслан Муллохолов, тоҷики дар амалиёти вижаи Русия дар Украина кушташударо ба хок супоридаанд. Дар ин бора пойгоҳи “tvolk.ru” иттилоъ медиҳад.

Ин ҷавони тоҷики шаҳрванди Русия, 24 сентябри соли расон дар наздикии шаҳри Купянски вилояти Харков ҷароҳати вазнин бардошта, ба ҳалокат расидааст.

Ба навиштаи ин пойгоҳ Руслан Муллохолов соли 1990 дар Тоҷикистон таваллуд шуда, соли 1999 бо оилааш ба Расказово кӯчидааст. Мактаби миёнаро дар ин ноҳия хонда, пас аз хатми синфи 9-уми дар омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ бо ихтисоси андовачӣ-рангуборчӣ таҳсил намудааст.

“Пас аз хатми хидмат дар сафи артиши Русия ӯ тавассути шартнома хидмати ҳарбиро ба ҳайси мерган дар ҳайъати нерӯҳои вижа дар шаҳри Тамбов идома медиҳад. Сержанти хурди гвардия Руслан Муллохолов на як бору ду бор барои иштирок дар амалиёти махсус ба сафари хидматӣ рафтааст”, – менависад ин пойгоҳ.

Руслан Муллохолов бо духтари русе оила бунёд карда, соҳиби духтарчаи 2,5-сола будааст.

Бино ба иттилои пойгоҳи зикршуда, Руслан Муллохолов бо медали “Барои бозгашти Қрим”, “Иштирокчии амалиёти ҷангӣ дар Сурия”, “Барои ҷасорати ҳарбӣ”, медали Суворов ва медали «Барои шуҷоат» қадрдонӣ гардидааст.

Қаблан оид ба кушта шудани тоҷике дар Украина дар шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ маълумот интишор шуда буд, аммо дар хусуси Руслан Муллохолов маълумоти муфассал пешниҳод намегардид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.