Ширкати мисрии Elsewedy Electric дар Тоҷикистон неругоҳи барқи обӣ месозад

Ширкати электротехникии Миср – Elsewedy Electric ният дорад, ки дар Тоҷикистон як неругоҳи барқи обӣ (НБО), инчунин корхонаи нави трансформаторҳо, истеҳсоли кабелҳо ва дигар техникаю таҷҳизот дар соҳаҳои энергетикаи барқӣ ва алоқа созад. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, ин масъалаҳо дар вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Ширкати мисрии Elsewedy Electric […]

Ширкати электротехникии Миср – Elsewedy Electric ният дорад, ки дар Тоҷикистон як неругоҳи барқи обӣ (НБО), инчунин корхонаи нави трансформаторҳо, истеҳсоли кабелҳо ва дигар техникаю таҷҳизот дар соҳаҳои энергетикаи барқӣ ва алоқа созад.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, ин масъалаҳо дар вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Ширкати мисрии Elsewedy Electric Аҳмад Ал-Сувейдӣ баррасӣ шуданд. Вохӯрӣ рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта дар шаҳри Шарм-уш-Шайх дар ҳошияи Иҷлоси 27-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) баргузор шуд.

Гуфта мешавад, аз ҷониби роҳбарияти Ширкат дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мувофиқаҳои пешакӣ ҳосил шудааст.

Инчунин роҳандозии “ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ, зербиноӣ ва тиҷоратӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, алоқа, обёрӣ, кишоварзӣ ва технологияҳои сабз” ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, сохтмони корхонаи истеҳсоли трансформатор дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар пешбинӣ гардида, лекин ҷойи сохтмон ва иқтидори неругоҳи барқии обӣ, ки аз ҷониби ширкати Миср сохта мешавад, зикр нашудааст.

Қобили зикр аст, ки тобистони соли равон Ӯзбекистон ба корҳои пешакии сохтмони НБО “Ёвон” дар дарёи Зарафшон бо иқтидори 140 мегаватт оғоз бахшид.

Нархи ҳисобшудаи ин неругоҳ 282 млн доллар арзёбӣ шуда, дар назар аст, ки ҳамасола дар он 700-800 млн кВт/соат неруи барқ истеҳсол мешавад.

Ҳамчунин раҳбарияти ҳар ду кишвар дар бораи сохтмони НБО-и дуюм дар дарёи Зарафшон бо иқтидори пешакии 180 МВт ба мувофиқа расиданд.

Қаблан бо иштироки Русия ва Эрон дар Тоҷикистон неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда-1” (иқтидораш 670 МВт) ва “Сангтӯда-2” (иқтидораш 220 МВт) сохта шуда буданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.